Муборак субҳи истиқлоли тоҷик,
Шаҳодатномаи иқболи тоҷик.
Чу истиқлол истиқбол гирад,
Албатта, истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомадааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик чӣ рӯзҳои даҳшатборро паси сар кардаву чӣ қурбониҳоро таҳаммул намудааст. Замоне абри сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ осмони софу фазои беғубори Тоҷикистони навбунёдро тира намуда, рӯзгори осудаву амнияти мардумро халалдор намуд.
Хушбахтона, халқи тоҷик бо нерӯи хирад ва заковати фитрӣ тамоми мушкилоти пешомадаро бартараф намуда, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳу ваҳдатро дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон барафрохт.
Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо 33 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро ҷашн мегирад. Мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ ва ифтихормандии афзун ин санаи фархундаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирад. Зеро маҳз фазои мусоид ва сулҳпарвари тоҷикон имкон дод, ки дар фосилаи на чандон тӯлонӣ душвориҳои мавҷударо бартараф намуда, дар самти ободкориву созандагӣ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардем. Бунёди роҳҳои бузурги мошингард, ки минтақаҳои мухталифи кишварро ба ҳам пайваста, муҳаббат ва ҳамгироии мардумро меафзояд, барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёти халқ мусоидат намуд.
Бунёди як қатор иншоотҳои бузургу замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва ғайраҳо нишони пуштибонӣ ва дастгирии ҳукумат аз соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳангу маданияти кишвар маҳсуб мегардад. Воқеан, барои ояндаи дурахшон ва рӯзгори ободи хеш бояд ҳар яки мо ҳиссагузор бошем, то ки роҳи пешрафту тараққиёти кишварамро наздик созем.
Таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, забономӯзӣ, такмили донишу малакаи наврасону ҷавонон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро вазифадор месозад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш кӯшиш намояд ва барои пешрафти ҳаёти кишвар саҳмгузор бошад.
Дар олам бузургтар аз нерӯи озодӣ қуввае нест ва саодате баландтар аз саодати халқи озод нест. Бигзор арзишҳои олии халқи бузургворам поянда ва саодати он ҷовидона бошад ва дар тайи ҷодаи пешрафту тараққиёт муваффақу комгор гардад. Истиқлолияти комил дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамеша насиби ватани азизамон бошад.
Мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донигоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, н.и.х. Давлатов Д.О.