Дар Кохи фарҳангии шаҳри Бохтар, маросими мукофотонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2024 доир гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Муминзода Абдулмаҷид ва дигар роҳбарони муассисаҳои миёнаю олии касбӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Дар баробари дигар кормандони ташкилоту муассиса ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, ғолибон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Қайд намудан зарур аст, ки устодону донишҷӯён, аз ҷумла Астанаев Азамат донишҷӯйи факултети филологияи тоҷик, аз рӯйи хондан ва аз ёд намудани осори адибони муосири тоҷик, сазовори ҷойи дуюм, Тағаймуродиён Шоҳрух, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани осори адибони классики тоҷик, сазовори ҷойи сеюм,
Билоли Ҳикматулло, омӯзгори факултети молия ва иқтисод, аз рӯйи наминатсияи хондан ва аз ёд намудани осори адибони классики тоҷик, сазовори ҷойи дуюм ва Раҳматова Райҳона, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ, аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ҳамчунин дигар устодону донишҷӯёни донишгоҳ, бахусус Сафарова Шаҳноза, донишҷӯи соли чоруми факултети забони русӣ, аз рӯйи наминатсияи хондан ва аз ёд намудани осори адибони ҷаҳон,
Умарҷони Мирзошариф, докторанти курси дуюми факултети филологияи тоҷик, аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм,
Фақиров Хурсандмурод, омӯзгори факултети филологияи тоҷик, аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм дар даври ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлаталӣ Саид барои фаъолияти самаранок, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароити муносиб баҳри донишандӯзӣ ва мусоидат барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Дарвоқе, донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” фаъолона иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардиданд, ки барои ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯён боиси ифтихор мебошад.
Чунин қадрдониҳо барои ҳавасмандӣ ва ҷалби дигарон ба ин озмунҳо мусоидат мекунад.