Шоми имрӯз 03 – декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ ҷаласаи навбатии шӯъбаи тарбияи донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нурализода Н., мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, раиси шӯрои бонувон Каримова Санавбар, мудири бахши хобгоҳ, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ва аъзоёни фаъоли Шурои донишҷӯёни хобгоҳ иштирок кардаанд.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади риояи низомномаи хобгоҳ, назорати пайваста ҷиҳати тозагии ҳуҷраҳои истиқоматӣ, роҳраву ошхонаҳо, истифодаи дурустӣ нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ, интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои гуногуни илмию сиёсӣ ва ахлоқи намунавӣ доштан доир гардид.
Баъд аз анҷоми ҷаласа, гурӯҳи кори иборат аз намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ аз ҳолати тозагии ҳуҷраҳои истиқоматии донишҷӯён, роҳравҳо, ошхонаҳо, ҳаммом, ҳолати дарс омодакунии донишҷӯён аз наздик шиносои намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи тақсимбандӣ, дар ошёнаи якуму дуюм писарон ва дар ошёнаи сеюму чорум духтарон ҷойгир шудаанд. Дар дохили хобгоҳ барои шустушӯй, пухтупази хӯрок, дарстайёрнамоии донишҷӯён ва дигар шароити мусоид барои истиқоматкунандагон фароҳам оварда шудааст. Дохили хуҷраҳои хобгоҳ бо ашёву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад. Дар даромадгоҳи хобгоҳ Низомномаи истиқоматкунандагон мавҷуд аст, ки моҳияти он ба донишҷӯён фаҳмонида шудааст.
Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои неку созанда ва ниятҳои неку бунёдкоронаро пешаи худ кунанд, гирду атрофи хобгоҳ ва дар умум муассисаро тозаву озода нигоҳ доранд ва намунаи ибрат барои дигарон бошанд.