Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024, 33 солагии истиқлолияти давлатии кишвари худро ҷашн мегиранд. Замони истиқлолияти давлатӣ, ки барои миллати тоҷик давраи нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад, замони санҷишҳои ниҳоят гарон ва бунёди сохти нави давлатдорӣ буд. Маълум аст, ки бо сабабҳои гуногун истиқлолияти миллии мо дар шароити тезутунди муборизаҳои сиёсӣ шакл гирифта, вазъи ноороми сиёсӣ рушди кишвари моро нисбат ба дигар ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ба солҳо қафо гузошт. Хушбахтона, ақлу заковати халқи бофарҳанг ва кӯшишҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки миллати мо сари вақт аз ҳодисаҳои бавуқуъпайваста хулоса бароранд ва роҳи осоиштаи инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли хешро интихоб намояд. Имрўз, бо гузашти 33 соли истиќлолияти миллӣ бамаврид аст, ки роњи тайнамудаи давлати соҳибистиқлоламонро тули ин давраи бурду бохтҳо пеши назар биёрем. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ, ки ба мустақил шудани ҷамоҳири ҳайати он мусоидат намуд, мо ба давраи нави давлатдории хеш давраи соҳибихтиёрӣ оғоз намудем. Сиву се соли истиқлолияти миллиро мо метавонем ба ду давра тақсим намоем. Давраи аввал аз соли 1991 то соли 1997 давраи мушкилот ва муборизаҳои сиёсї, паст рафтани иқтисодиёт, фарҳанг ва сатњи иҷтимоии ҷомеа ва аз соли 1997 то имрўз давраи осоишта ва дарёфти дастовардњои назаррас дар тамоми љабњањои њаёти љомеа, давраи рушди демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давраи амалисозии лоиҳаи калон дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маориф, тандурустиву ободонии кишвар. Дар давраи аввал мардуми Тоҷикистон тавонистанд зери сарварии роҳбари оқил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити душвори сиёсиву иқтисодӣ ба бунёди давлати навистиқлол заминаи мустаҳкам гузоранд ва дар ҷомеа сулҳу оромиро таъмин намоянд. Маҳз он қонуну қарорҳое, ки пас аз Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии ҷумҳурии Тољикистон то имзои Созишномаи истиќрори сулҳ ва ваздати миллӣ дар Тоҷикистон қабул гардиданд ва бори аввал аз тарафи шаҳрвандони кишвар қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкон доданд, ки давлати тозаистиқлоли мо таҳкурсии давлати хешро мустаҳкам намояд. Барои Ҷумҳурии Тољикистон солњои фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ (1997-2000) давраи имтиҳони ҷиддӣ дар роҳи сохтмони давлати демократӣ буд ва мардуми Тоҷикистон аз ин имтињон бо сарбаландӣ баромад. Вазифаи асосии Комиссия амалӣ сохтани шартњои Созишнома буд. Ин шартҳо иборат буданд аз баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ, тағйр додани қонунҳои мавҷуда доир ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва васоити ахбори омма, ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ва ба муҳокимаи умумихалќӣ баровардани онњо ба қайд гирифтан ва бо кор таъмин намудани ҷангиёни мухолифин (6 ҳазор нафар), ба ҳайати мақомоти давлатӣ ворид сохтани намояндагони мухолифин (30%), ки то 1 апрели соли 2000 пурра ба иҷро расиданд. Дар ин давра тамоми ихтилофоте, ки байни Ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифини сиёсӣ ҷой ҳалли худро ёфт ва Тоҷикистон ба давраи осоиштаи тараққиёти худ ворид шуд.
Сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ дар љомеа имкон фароҳам оварданд, ки дар Тоҷикистон раванди гузариш ба бозори иқтисодӣ, ислоҷоти иқтисодӣ ва барномањои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин соња пурра амалӣ шаванд. Имрўз мо шоҳиди онем, ки дар мамлакат шоҳроҳҳо пурра таъмир гашта љавобгўи стандартњои байналхалқӣ шудаанд, нақбҳои калон бунёд ёфтанд, ки барои муомилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни навоҳии кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд. Сохтмони нерўгоҳҳои хурду калон, бунёди корхонаҳои нави замонавӣ, ривоҷи соҳаи кишоварзӣ ҳама натиҷаи сулзу ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар замони истиқлолият фарҳанги Тоҷикистон симои нав ба бар кард. Ҳукумати кишвар барои дар рўҳияи ватандўстӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон иқдомҳои наҷибро амалӣ намуд. Ҳамасола иншооти нави фарҳангӣ, мактабу боғчаҳои баччагона, марказҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин ҳама бозгу аз истиқлоли миллӣ мебошад. Пас мову шуморо месазад дастовардҳои даврои соҳибистиқлолии мамлакатамонро нодида нагирифта барои ҳифзу ҳимояи ин дастовардҳои истқлоияти давлатиямон талош ба харҷ намоем ва барои пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузорем.
Раҷабализода Самандар -Омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
Все реакции:
2020