Имрӯз, 10-уми декабри соли 2024 дар Шурои диссертатсионӣ, аз рӯйи ихтисоси 5.8.1 – и педагогикаи умумии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмумин Раҳимов”, омӯзгори факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҷидзода Усмон Ҳомид дар мавзуи “Педагогические аспекты физического воспитания студентов вузов Республики Таджикистан”, зери роҳбарии профессор Сафаров Шоди Асомуродович рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.
Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устод Маҷидзода Усмон Ҳомидро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таълимиву тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотияшон комёбиҳо орзуманданд.