Имрӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъбасти таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар конференсияи ҷамъбастии таҷрибаомӯзӣ, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шуҳрат, роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгорӣ Холматов Саид, декани факултет Баҳодуров Беҳруз, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Садриддини А., мушовирони фаннӣ ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд. Декани факултет дотсент Баҳодуров Б. баромад намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ ба мутахассисони оянда имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.
Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шуҳрат зимни баромади хеш ёдовар гардиданд, ки маҳз дар таҷрибаомӯзӣ мутахассисони оянда зинаҳои аввали фаъолияти омӯзгории хешро дар истеҳсолот амалӣ намуда, касбияти хешро дар воқеият таҳким мебахшанд.
Дар идома, донишҷӯён маҳсули дарсҳои намунавии худро, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гузашта буданд ба намоиш гузоштанд.
Ҳайати устодон пас аз дидани намоишгоҳ аз рафти ҳуҷҷатгузории донишҷӯён ва дигар комёбиҳои донишҷӯён дидан намуда, дар ҷаласа ба омӯзгорони ояндаи ҷавон тавсияҳои судманди илмию методӣ доданд. Дар маҷмуъ кори таҷрибаомӯзӣ дар факултет аз ҷониби комиссия баҳои баланд дода шуд.