(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин такид намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Дар шароити муосир ва муносибатҳои зудрушдёбандаи иқтисоди бозорӣ, инчунин марҳила ба марҳила татбиқ гардидани иқтисодиёти рақамиву инкишофи тиҷорати электронӣ масъалаи мукаммалгардонии низоми пардохтии ғайринақдӣ ва тавсеаи истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бисёр муҳим аст, зеро дар вазъияти зудтағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон хавфҳои эҳтимолии иқтисодию молиявӣ зиёд гардида, ба устувории макроиқтисодӣ ва молиявӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни давлатҳо, инчунин рақамикунонии соҳаҳои хоҷагӣ халқӣ мамлакат бо суръат рушд ёфта, масъалаи ташкили низоми устувори пардохтӣ, ки яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар шароити муосир рақамикунонии иқтисодиёт ва дар мафкураи ҷомеа ҷой додани он хеле муҳим аст, чунки такя ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва идоракунии самараноки иқтисодиёт боқӣ мемонад.
Тавре, ки маълум аст иқтисоди рақамӣ як шабакаи умумиҷаҳонии фаъолиятҳои иқтисодӣ, муомилоти тиҷоратӣ ва ҳамкории касбӣ мебошад, ки аз ҷониби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) дастгирӣ гардида, онро метавон ба таври мухтасар ҳамчун иқтисоди рақамӣ тавсиф намуд. Дар рӯзҳои аввали худ, иқтисодиёти рақамиро аз сабаби вобастагии худ аз пайвасти интернет баъзан иқтисодиёти интернет, иқтисодиёти нав ё веб – иқтисод номида мешуд. Бо вуҷуди ин, иқтисоддонҳо ва раҳбарони ташкилотҳои тиҷорати бар он назаранд, ки иқтисоди рақамӣ нисбат ба иқтисоди интернет пешрафтатар ва мураккабтар аст, ки тибқи як таъриф танҳо маънои арзиши иқтисодии аз интернет гирифташударо дорад. Дар сатҳи байналмилалӣ, иқтисоди рақамӣ як фазои шабакавӣ ва системавӣ ташкилшуда мебошад, ки сохтори муносибатҳои байни субъектҳои хоҷагидорӣ аст, ки он бахши эҷод ва истифодаи иттилоот, технология ва маҳсулоти нав, хадамоти телекоммуникатсионӣ, тиҷорати электронӣ, бозорҳои электронӣ, хидматрасонии дурдаст ва ҷузъҳои дигарро дар бар мегирад.
Гарчанде ки имрӯз баъзе одамон технологияро барои иҷрои вазифаҳои гуногун дар компютер истифода мебаранд, аммо иқтисодиёти рақамӣ пешрафтатар аст. Зеро, ин на танҳо дар бораи истифодаи компютер барои иҷрои вазифаҳое, ки ба таври анъанавӣ дастӣ ё ба истилоҳ қобилияти истифодаи технологияро барои иҷрои вазифаҳо ва машғул шудан ба фаъолиятҳое, ки дар гузашта ғайриимкон буданд, инъикос мекунад. Чунин имкониятҳо барои ташкилотҳои мавҷуда ва инсонҳо барои беҳтар кор кардан, бештар кор кардан, ва ба таври дигар кор кардану чизи нав эҷод кардан шароит фароҳам меоварад.
Иқтисоди рақамӣ ин технологияҳоро ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам ба таври мувофиқ барои аз нав кор кардани табодули анъанавӣ ва эҷоди технологияҳои нав истифода мебарад. Иқтисоди рақамӣ як истилоҳи чатриест, ки барои тавсифи бозорҳое истифода мешавад, ки ба технологияҳои рақамӣ тамаркуз намуда, онҳо маъмулан тиҷорати мол ё хидматҳои иттилоотиро тавассути тиҷорати электронӣ дар бар мегиранд. Илова бар ин, таъсири иқтисодиёти рақамӣ берун аз молҳо ва хидматҳои иттилоотӣ ба дигар соҳаҳои иқтисод ва умуман тарзи зиндагӣ зуд паҳн мегарданд. Рушди дастгоҳҳои мобилӣ, бахусус, доираи истифодаи интернет дар ҷомеа хеле васеъ гардидааст. Аз ин рӯ, масъалаҳои рақобат, ки дар иқтисодиёти рақамӣ ба миён меояд, яке аз масъалаҳои муҳим дар иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бештар касп мекунад. Рақобат дар бозорҳои бузурги иқтисоди рақамӣ аксар вақт шаклҳои хеле фарқкунандаро дорост.
Якум, рақобат байни моделҳои тиҷоратӣ ё платформаҳо, ки дар доираи модели тиҷорати хеле муҳим аст. Ба ибораи дигар, бартарӣ ё ҳатто монополияи платформаҳои интернетӣ қариб ҳамеша муваффақиятҳои тиҷоратӣ меорад.
Дуюм, бозорҳои рақамӣ аксар вақт бо таъсири пурқуввати шабакавӣ ва сарфаи миқёс тавсиф мешаванд, ки ин хусусияти рақобатро тавассути бартарӣ афзоиш медиҳад.
Сеюм, бисёре аз бозорҳои рақамӣ дуҷониба ҳастанд, ки ин ба ду гурӯҳи корбарон аз истифодаи платформаи рақамӣ манфиат мегиранд. Масалан, муҳаррикҳои ҷустуҷӯ ҳам аз ҷониби шахсони алоҳида барои дастрасӣ ба иттилоот дар интернет ва ҳам аз ҷониби таблиғгарон барои дастрасӣ ба тамошобинон истифода менамоянд.
Чаҳорум, бозорҳои рақамӣ бо суръати баланди сармоягузорӣ ва навоварӣ тавсиф мешаванд, ки боиси пешрафти босуръати технология дар соҳаи саноат мегардад.
Ба андешаи мо рушди иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат имконият фароҳам меоварад, ки пажӯҳишҳо ва пешрафтҳои нави илмӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ сатҳи баланди хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ таъмин карда шавад.
Оиди мафҳуми иқтисодиёти рақами андешаҳои гуногун вуҷуд дошта, баъзе олимон иќтисодиёти раќамї (электронї) – ро иќтисодиёте муайян мекунанд, ки хусусияти хоси он конеъ гардонидани талаботи њамаи иштирокчиёни он тавассути истифодаи иттилоот, аз љумла иттилооти шахсї мебошад. Ин ба шарофати рушди технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва молиявӣ, инчунин мавҷудияти инфрасохтор имконпазир мегардад, ки дар якҷоягӣ имкони ҳамкории ҳамаҷонибаи ҳама иштирокчиёни фаъолияти иқтисодиро дар ҷаҳони зуд рушдёбанда таъмин мекунад.
Тибқи таърифи Бонки Ҷаҳонӣ, иқтисоди рақамӣ як системаи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба истифодаи технологияҳои рақамии иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ асос ёфтааст.
Коршиносони масоили иқтисодӣ хусусиятҳои асосии иқтисодиёти рақамиро аз рӯи ин омилҳо муайян кардаанд:
–фаъолияти иқтисодӣ ба платформаҳои иқтисоди “рақамӣ” нигаронида шудааст;
–моделҳои хизматрасонии фардӣ;
–ҳамкории мустақим байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон;
–васеъгардидани иқтисодиёти муштарак;
Истифодаи технологияи рақамӣ имкон медиҳад, ки муоширати инсоният дар дилхоҳ макон ва замон ба осонӣ сурат гирифта, ҷараёни хароҷотҳои алоқавӣ сарфа карда шуда, тавассути технологияҳои иттилооти маблағҳои зарурӣ дар муҳлати кутоҳ ба мақсадҳои муайян ирсол карда шавад.
Ин гуфтаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки масоили гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳамияти рўзмарра касб намудааст.
Воқеан, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва роҳандозии васеи инноватсия ба пешрафти маҷмӯии мамлакат, аз ҷумла идоракунии самаранок, хизматрасониҳои электронӣ, содироти бештари молу хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши фаъолияти фосилавӣ ва таҳсили фосилавӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар натиҷа, имконият фароҳам меояд, ки дар як қатор зербахшҳои соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз қабили барномасозии компютерӣ бе сармоягузории пешакӣ фаъолияти самаранок роҳандозӣ гардида, даромади зиёд ба даст оварда шавад. Ҷиҳати рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар мамлакат фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2017, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ”, “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020 қабул гардиданд, ки заминагузори рушди соҳаи мазкур дар кишвар баҳисоб меравад. Иқтисоди рақамӣ натиҷаи рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ буда, бо тағйир додани равандҳои тиҷоратӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ густариши инноватсияро фароҳам овардааст.
Масалан, фурӯшандагон ба муштариён имкон медиҳанд, ки фармоишҳои худро дар хизматрасонии онлайни ба воситаи интернет ҷойгир намуда, реклама бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, пардохтҳои электронӣ ҷорӣ гардада, ҷамъоварӣ ва таҳлили автоматии маълумот ташкил карда шавад.
Рушди муосири соҳаи технологияҳои иттилоотӣ яке аз омилҳои муҳимтарини фаъолияти самараноки иқтисодиёти мамлакатҳо ва таъмини талаботи аҳолӣ ба шумор меравад. Ташаккули љомеаи иттилоотӣ бо мављудияти инкишофи сармояи зеҳнӣ, иқтидори баланди илмӣ, низоми давлатии дастгирии коркарди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт таъмин карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули босуръати ҷомеаи иттилоотӣ ба назар мерасад, ки ҷузъҳои асосии он: инфрасохтори иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ; дастгирии танзимкунанда; воситаҳои иттилоотӣ, нармафзор ва системаи ташкилии идоракунии он баҳисоб меравад. Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шуда, шароит фароҳам меоварад, ки имкониятҳои нав барои беҳбуди зиндагии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намояд.
Дар робита ба ин, барномаи миллии рушди иқтисоди рақамӣ таҳияи самтҳои рушди ташаккул ва нигоҳдории хусусиятҳои мусоиди ташкилӣ, инфрасохторӣ ва меъёрии салоҳияти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ дар шароити сохтори нави иқтисодиёти рақами мебошад.
Иқтисодиёт дар ҳар як марҳилаи рушди иҷтимоию таърихи айнан як навъ фазои рақамиро ифода мекунад, ки мантиқӣ ва фаҳмо аст. Нишондиҳандаҳои самарабахши ҳар як корхона, ҳамчун истилоҳи иқтисоди рақамӣ ифода меёбад. Аз ҷумла, фоида, зиён, хароҷот, даромад, маблағ ва меъёри андоз, манбаи андоз, меъёри таваррум, касри буҷет, ҳаҷми ММД, меъёри асосӣ ва ғайра.
Марҳилаи ҳозираи иқтисоди рақамӣ, пеш аз ҳама, ташаккули ҷомеаи инноватсионии иттилоотиро дар назар дорад.
Ин муҳит ба инҳо асос ёфтааст:
• истифодаи асъорҳои нави рақамӣ
• виртуалии муносибатҳои иқтисодӣ;
• кам кардани талабот ба инфрасохтори бузурги нақлиётӣ;
• кам кардани хароҷоти тиҷоратӣ;
• аз байн рафтани бозорҳои анъанавӣ.
Иқтисодиёти рақамӣ аслан ин системаи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба эҷод, тақсим ва татбиқи технологияҳои рақамӣ, ҳисоббарорӣ ва мутаносибан маҳсулоти ба он алоқаманд асос ёфтааст.
Ин раванд пеш аз ҳама ба инҳо таъсир мерасонад:
• ба фаъолияти ширкатҳо;
• тарзи зиндагӣ, таҳсилот, шуғли одамон;
• механизми њамкории давлат ва шањрвандон, аз љумла гирифтани
хизматњои гуногуни иҷтимоӣ.
Дар шароити имрӯз бисёре аз маҳсулоти молиявӣ (қарзҳо, сармоягузорӣ, пардохтҳо ва ғайра) тавассути интернет ё алоқаи мобилӣ бароҳ монда мешаванд. Бо пардохти андоз, хизматрасонии манзилию коммуналӣ аз тариқи смартфон, дархости қарз тавассути пешниҳоди ариза дар вебсайти бонк ё онлайн хариди саҳмияҳо дар биржа дигар ҳеҷ касро ба ҳайрат намеоварад, зеро дастрасӣ ба маълумот дар ҳама ҷо дар ҳама вақт имконпазир аст, шарти асосӣ мавҷудият ва хизматрасонии хуби интернети баҳисоб меравад.
Афзалиятҳои иқтисоди рақамӣ тадриҷан ба рушди иҷтимоӣ таъсир расонида, бароҳатии муомилотро барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳо зиёд мекунад:
• тиҷорати хурд;
• одамон;
• корхонаҳои миёна ва калон;
• сохторҳои давлати.
Дар қатори бартариҳои дигар, дарин самт бартариҳои зеринро бояд таъкид кард:
• Таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои муштариён – аз интихоби дурусти хизмат бо нархи арзон то ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ.
• Оддӣ гардонидани раванди гирифтани ҳама гуна хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ба шарофати рушди технологияҳои электронӣ ва иттилоотӣ, бе ҷалби миёнаравҳо дар раванди хизматрасониҳои электронӣ. Қариб ҳама чизро (аз маҳсулоти хӯрокворӣ чипта ва дигар хизматрасониҳо) тавассути интернет баровардан мумкин аст.
• Кам кардани хароҷоти тиҷорати онлайн – он ширкатҳое, ки ин тағйиротро қабул карда, ба хизматрасонии рақамӣ гузаштанд, ҳолати рушдро таҷриба намуда, раванди фурӯши мустақим дарин ҳолат афзуда, хароҷот барои фурӯш, маркетинг, нақлиёт ва логистика кам мегардад.
• Баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи соҳибкорӣ.
Иқтисодиёти рақами сохтори асосие дорад, ки ба иқтисоди ҷаҳони анъанавӣ монанд аст, аммо равандҳо ва стратегияҳое, ки дар он иштирок мекунанд, комилан фарқ мекунанд. Дар муқоиса бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт “иқтисоди рақамӣ” бо бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ дар воқеъ бо суръати назаррас тақрибан 10 – 15% дар як сол рушд мекунад.
Хулоса; ба ақидаи мо рушди иқтисодиёти рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқӣ мамлакат дар кишвар боис барон хоҳад гардид, ки иқтисоди миллӣ рушд ва механизми хизматрасониҳо такмил дода шавад. Таъкид намудан зарур аст, ки “иқтисоди рақамӣ” иқтисодиёти интернет ва тиҷоратест, ки онлайн сурат мегирад. Дар шароити бошиддат рушд кардани тамоми муносибатҳои иқтисодию молиявӣ, ҷорӣ гардидани техникаю технологияи муосир, рушди тиҷорати электронию иқтисоди рақамӣ, вусъат ёфтани рақобат байни тамоми субъектҳои иқтисодӣ дар сатҳи дохилию хориҷӣ, васеъ шудани доираи хизматрасониҳои пардохтии ғайринақдӣ зарурати мукаммалгардонии мунтазами механизмҳо ё худ воситаҳои пардохтии ғайринақдӣ дар соҳаҳои мухталифро ба миён меорад.
Наимзода Бекмурод
н.и.и., дотсент, мудири кафедраи
менеҷмент ва ташкили сайёҳии
ДДБ ба номи Носири Хусрав