Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, мебошад. Ин қонун ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.
Бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат ҳанӯз соли 2007 ба тасвиб расида, ба ҳамовозии мутлақи ҷомеа рӯ ба рӯ гардид.
Мақсади асосӣ ва ниҳоии ин қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва дар маҷмуъ фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат мебошад. Гузашта аз ин он ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.
Мақсад аз қабули Қонун ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот мебошад. То қабули қонун тартиби гузаронидани ҷашну маросими мардумӣ муайян набуда, онҳо пурдабдабаю серхароҷот гузаронида мешуданд, ва на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд.
Зиёда аз ин, гузаронидани ин ҷашну маъракаҳо номутобиқатӣ ба арзишҳои башарӣ, аз қабили худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, фарҳангпарварӣ, инсонпарварӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки маҳсули ҷомеаҳои тамаддунпарвар мебошанд, ба миён оварда буданд. Бенизомӣ ва харҷу исрофи зиёдатӣ дар гузаронидани ҷашну маросим, аз як тараф, вазъи молиявии шаҳрвандонро касод, ва ҳолати рӯҳии онҳоро хароб намуда, аз тарафи дигар, ҳисси нотавонию бадбиниро дар байни мардум вусъат медод. Қонуни мазкур бо роҳи ба танзим даровардани баргузории ҷашну маросим ва манъи ҳароҷоти зиёдатӣ дар баргузории онҳо молу сарвати шаҳрвандон ва қисман ҳаёту саломатии шаҳрвандонро ҳимоя мекунад.
Зарурати ба низоми ҳуқуқӣ даровардани баргузории ҷашну маросим, мутобиқ гардонидани онҳо бо эҳтиёҷоти ҷомеа ва мувофиқ намудани онҳо ба арзишҳои башариро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, дар суханрониашон ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа оид ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросими динӣ 24 майи соли 2007 қайд карданд: «То расму ойин ва маросими милливу динии ҳудро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тафовути он аз Қонуни қаблӣ аз 26 сентябри 2024
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 марти соли 2024 зимни вохурӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир ба равандҳои дар ҷаҳони муосир идомадошта ва таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат андешаҳои ҷолиби диққат ва барои мардуми шарифи Тоҷикистон ниҳоят заруриро баён доштанд.
Дар ҳамин вохӯрӣ, баъди таҳлилҳои асосноку дақиқ ба масъулин дастур доданд, ки бо дарназардошти таҷрибаҳои андӯхта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.
“Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав, пеш аз ҳама дар баробари пешрафтҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва густариш ёфтани вазъи ҷомеаи имрӯза, зарурати ба танзим даровардани паҳлӯҳои соҳаҳои мазкур, аз ҷумла бо тағйиру иловаҳои қонунҳо ва ё қабули қонуну санадҳои нави соҳавӣ ҷиҳати пешбурди ҳаёти ҷомеа ба миён меояд”.
Маҳз дар асоси ҳимин дастури Сарвари давлат ҷиҳати таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангӣ, арзишҳои мардумӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва дар маҷмӯъ бо мақсади боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ санаи 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид ва аз 22 июни соли ҷорӣ мавриди амал қарор дорад.
Қобили тазаккур аст, ки Қонуни мазкур аз ҷиҳати мавзӯи танзим, сохтори дохилӣ ва таҷдиди меъёр аз қонуни қаблӣ тафовути куллӣ дошта, аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, нисбат ба Қонуни қаблӣ 1 боб ва 6 моддаи нав илова карда шудааст.
Бо назардошти он ки мафҳумҳои «анъана» ва «маросим» як маъноро ифода мекунанд, қонунгузор онҳоро дар доираи як мафҳум, яъне «маросим» ифода карда, калимаи «анъана»-ро аз матни Қонун хориҷ кардааст.
Дар Қонун ду мафҳум шарҳ дода шудааст, яъне мафҳумҳои «маросим» ва «ҷашн»:
1) «Маросим» – ин маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд;
2) «Ҷашн» – ин таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.
Тафсири ҳар як қонун шарҳу тавзеҳи васеъро тақозо мекунад ва моро зарур аст, ки ҷиҳати риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва роҳ надодан ба вайронкунии талаботи он ҳадди ақал тағйиротҳоеро, ки барои мо муҳимманд ва дар қиёси қонунҳои қаблӣ ворид гардидаанд, бояд донем.
Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 9 Қонуни мазкур ҷашнҳои расмӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешаванд, эътироф гардидаанд.
Тағйироти ҷиддие, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ карда шудааст, аз он иборат мебошад, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон бояд дастархони камхарҷи идона ороста шавад ва дар ин ҷашнҳо исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шудааст.
Моддаи 11 Қонун «Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак» ном дошта, мутобиқи меъёрҳои он «Хатна» дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронида мешавад. Ин меъёр дар қонуни пештара 20 рӯз муқаррар карда шуда буд.
Барои баргузор намудани «Тӯйи домодию арӯсӣ» бошад, ҳамагӣ ду маърака дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб пешбинӣ карда шудааст.
Ташкил ва гузаронидани тамоми дигар маъракаҳо, аз қабили фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ карда шудааст.
Қонунгузор ба шахсоне, ки ба ҳаҷ ё умра мераванд, ба ҷойи маъракаҳои манъшуда анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро иҷозат додааст.
Дар моддаи 14 Қонун пешбинӣ кардааст ва тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат гирифта, маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, пурра манъ карда шудааст.
Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ бошад, аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 баргузор карда мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шуда, дар тамоми ҷашну маъракаҳо пошидан ва часпондани пул манъ карда шудааст.
Зимнан муқаррароти моддаҳои 18 ва 19-и Қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро низ уҳдадор намудааст, ки ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
Қонуни мазкур оростани зиёфатро ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ кардааст.
Ҳамзамон Қонун меъёри нав пешбинӣ кардааст, ки мутобиқи он сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулият доранд.
Дар баробари ин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор карда шудаанд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ карда шудаанд.
Дар иртибот ба ин дар Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ (м.481) ҷазо пурзӯр ва дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.3342) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, барои вайрон намудани талаботи Қонун бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар гардидааст.
Дар муқаррароти хотимавӣ барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз ва гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори дигари давлатӣ меъёри алоҳида пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҷараён оид ба татбики Қонуни мазкур зимнан зикр карда мшавад, ки тартиби баргузории ҷашну маросимҳоро муайян намуда, ба ҳифзи арзишҳои воқеии фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофотпарастиву мутаассибӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Фозилов Раҷабмурод Шодиевич – Омӯзгори кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳи Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав