Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми мантиқии паёмҳои қаблӣ буда, дастовардҳои мамлакатро дар солҳои сипаригашта инъикос намуда, фарогири ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа буда, ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши нуфузу эътибори давлатамон дар арсаи байналмилалӣ нақши хеле муҳим хоҳад бозид.
Дар қатори масоили дигари иқтисодию иҷтимоии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили илму маориф рӯ оварда, перомуни ин соҳа ва мушкимлоти он ҳарфҳои ҷолибу аосонок баён намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар сиёсати Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мақоми аввал гузошта, аз тамом аҳли ҷомеа ва қишрҳои мухталифи он даъват ба амал оварданд, ки ҳама дар якљоягӣ ба мактаб рӯ биоранд, яъне дар канори маорифчиёни мамлакат барои дастгирӣ ва пуштибона аз ин соњаи воқеъан стратегии мамлакта кумаку ёрии хешро дареғ надоранд.
Албатта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канори дастовардҳои назаррас ва ҳангуфти соҳаи маориф роҷеъ ба як қатори мушкилоти ин соҳа низ истода гузошта, таъкид карданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис тамоми стандарту барнома ва нақшаҳои таълим дар ҳамаи соҳаҳои маориф бо таваҷҷуҳ ба тақозо ва дигаргуниҳои замони муосир таљдиди назар карда шуда, зимни таҳияи стандарт ва нақшаву барномаҳои нав аз ҷадидтарин равишу усулҳои таълим ва бавижа технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъи ба таври васеъ истифода намоянд.
Маҳз бо ҳамин мақсад Президенти мамлакат дар Паёми хеш ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа муроҷиат намуда баён доштанд: «Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд»[Паём, 2024].
Чунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеа бахусус ҷавонон дастгирӣ намуда, барои пешрафти кишвари азизамон талошу кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Раҳимова А.М.-омӯзгори кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ