Бо ҳамин унвон имрӯз, 9 -уми январи соли 2025 дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.
Дар кори конфронси илмӣ, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, Рамазон Насриддинзода – сардори Раёсати кор бо ҷавон ва варзиши вилояти Хатлон,
Раҳимзода Меҳроҷ- мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ҳайати профессорону устодони донишгоҳ иштирок намуданд.
Сипас, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, иброз намуданд, ки Паём раҳнамои миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба мардуми кишвар ироа мегардад. Ҳамчунин дар самти соҳаи маориф навгониҳои зиёд баррасӣ мешавад.
Рамазон Насриддинзода, дар мавзуи “Паём – роҳнамои ҷавонон ба ояндаи дурахшони кишвар” баромад намуда, иброз доштанд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҷавонон эътимод доранд.
Аз ҷониби устодони донишгоҳ Холназаров Мирзошариф дар мавзуи “Самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат”,
Сангимурод Шарипов дар мавзуи “Паёми саодатбахшу маърифатомӯз” маърузаҳо шунида шуд.
Интиҳои ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар байни меҳмонону устодони донишгоҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.