Бо эълон гардидани соли 2025 – ” Соли фарҳанги китобхонӣ” дар самти китобу китобдорӣ як қатор имконияти муосир рӯи кор омаданд. Дар ин робита маъмурияти факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав донишҷӯёни ихтисосҳои шуъбаи ғоибонаро ба китобхонаи донишгоҳ аъзо намуданд.
Ин иқдом баҳри пешрафту такмил ёфтани донишу маърифат дар ботини донишҷӯён хизмати созгор хоҳад гузошт. Дар ин маъракаи аъзошавӣ ба китобхона донишҷӯёни ихтисосҳои шуъбаи ғоибона ба китобхонаи чопӣ ва электронии донишгоҳ аъзо гардиданд.