Имрӯз 10.01.2025 дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ миёни донишҷӯёни таҳсили фосилавӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Паём роҳнамои дурахшони миллат” баргузори гардид, ки сараввал декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дотсент, Қодирзода Б.Б. суханрони намуд ва қайд кард, ки чунин мизҳои мудаввар дар масъалаҳои гуногун дар факултет пайваста баргузор карда мешавад. Баъдан мудири кафедраи фалсафа, н.и.ф. Субҳонзода С.И. дар мавзӯи “Паём роҳнамои ташаккули давлатдорӣ” суханрони намуда таҳкит ба амал овард, ки Паём ҳамчун роҳнамои мо миллати тоҷик ба шумор меравад ва моро месазад ҳар як нуқтаи Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор бидиҳем. Баъдан мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, дотсент Абдураҳимов С.Қ. “Паём ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ” суханрони намуда таҳкит ба амал овард, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ мебошад ва шумо, ки дар риштаи сиёсию ҳуқуқӣ таъсил менамоед бояд ҳар як нуқтаи Паёмро аз бар намоед. Дар қисмати ҷамъбастии мизи мудаввар донишҷӯён низ байёни андеша намуданд.