Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, ба монанди идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд ба татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузошт.
Бояд таъкид намуд, ки рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва минтақаҳои алоҳида дар асоси стратегияву барномаҳои қабулшуда, заминаи рушди иқтисоди миллиро ташкил медиҳад ва татбиқи самараноки санадҳои зикргардида иҷрои ҳадафҳои афзалиятнокро таъмин хоҳад кард. Ҳамчунин сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун омили асосии рушд мунтазам татбиқ гардида истодааст.
Дар баробари ин, ҷиҳати устувор гардонидани рушди иқтисодии мамлакат ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, вазифаи мо пеш аз ҳама, таъмини суботи устувори макроиқтисодӣ дар заминаи мустаҳкам намудани соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад. Дар баробари ин, таҳкими бахши молиявӣ, баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди иқтисодии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин татбиқи саривақтии нақшаву барномаҳои рушди маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷаи ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ ба шумор мераванд.
Пӯшида нест, ки таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо ҷои кори доимӣ яке аз вазифаҳои мураккаб дар назди давлату ҳукумат қарор мегирад. Таҷриба нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт натиҷаҳои хуберо ба бор овардааст. Барои ҳар як шаҳрванд имконияти кор ва фаъолият фароҳам оварда шуд.
Дар раванди фаъолият ва барпо кардани нақшаи-дурнамоҳо ва ҳадафҳои стратегӣ ҷанбаҳои муҳими иқтисодӣ барои некуаҳволии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар ҷойи аввал қарор гирифтанд.
Дар ин масир метавон қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини сатҳи зарурии рушди иқтисодиёт, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, самаранок гардонидани истеҳсолот, вусъат бахшидан ба рушди низоми бонкии кишвар тамоми нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорад ва ин ҳамаи моро водор месозад, ки баҳри ободиву пешрафти минбаъдаи кишварамон содиқона кору фаъолият намоем.
Роҳбарияти Олии мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодаанд.
Натиҷаи талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат буд, ки соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуда аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шудааст, ки барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии кормандони муассисаҳои соҳаи буҷети мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дода дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил додааст.
Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Ҳамзамон аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои муаззами миллат дар паёмашон диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд – ин аз ҷониби мақоми салоҳиятнок, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030» буд.
Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шудааст.
Рушду пешрафти ҳар давлат ба соҳаи саноат алоқамандии зич дорад. Ҳар қадар ки ба саноат таваҷҷуҳ бештар гардад, ҳамон андоза вазъи иҷтимоии мардум, иқтисодиёти давлат ва ҷомеа беҳтар хоҳад шуд. Рушд додани саноат дар кишвар яке аз масъалаҳои асосиест, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод мегардад.
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Нуқтаи муҳиме, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳангоми ироаи паём садо дод – ин суръати рушди соҳаи саноатро ҳар сол на кам аз 20 фоиз таъмин намудани мақоми салоҳиятноки соҳа буд. Зеро тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳассаи саноат дар қисми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ бояд 30 дарсадро ташкил намояд.
Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд.
Дар ин давра нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст.
Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар намоем, ки барои баланд шудани соҳаи иҷтимоии мамлакат мусоидат кунад.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд шуда истодааст.
Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи паёми имсола тасмим гирифтанд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамзамон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Албатта ин иқдомҳо ва тасмимҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат мо кормандони соҳаи маорифи мамлакатро водор мекунад, ки боз ҳам дар талоши хизмати содиқона ба халқу ватан, такмили донишҳои тахассуси хеш ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи рақобатпазир дар бозори меҳнат бошем.
Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат эълон шуда, омили калидии таҳкими давлат ва рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардид.
Бинобар ин, Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳои худ пайваста ба соҳаи маорифи мамлакат, ки дар он насли ояндасози Ватан тарбия меёбад, таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, доимо таъкид менамоянд, ки раванди назорати азхудкунии донишҳои муосир пурзӯр карда шавад ва насли ҷавон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.
Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.
Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.
Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда ҳар яки моро зарур аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намоем.
Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои муаззами миллат бори дигар собит сохт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт авлавият дода шуда, таъмини рӯзгори шоистаи сокинони кишвар моҳияти асосии сиёсатии мазкурро ташкил медиҳад.
Адабиётҳои истифодашуда:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш.Душанбе, 28 декабри соли 2024. Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. – Душанбе: Эр-граф, 2018.
3. Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. –Душанбе: Эр-граф, 2016.
4. Внешнеэкономическая деятельность Республики Таджикистан. Агентство по статистике при Президенте РТ. -Душанбе: 2021 г. -581с.
5. Статистический ежегодник Республики Таджикистан. «Таджикистан: 30-лет государственной независимости» // Агентство по статистике при Президенте РТ. Душанбе 2021. – 720с.
БОБОЕВ А.М.-н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити ДБССТ