Дар поёни соли 2024, яъне дурусттараш санаи 28.12.2024 Паёми Пешавои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Ҳамасола мардуми Тоҷикистон бесаброна ироаи Паёмро интизорӣ мекашанд, чунки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои соли сипаригаштаро ҷамъбаст намуда, барои соли минбаъда вазифаву корҳоро мушаххас мекунанд.
Дар ин Паём ба назари инҷониб нуктаи хеле муҳимми он аз иборат буд, ки Пешвои миллат чун ҳарвақта соҳаи маорифро соҳаи калидӣ баён дошта, тамоми ҷомеаро ба он даъват карданд, ки рў ба маориф биоранд, яъне дар канори вазифаҳои аслию асосии хеш дастгиру ҳомии маорифчиён кишвар бошанд. Масалан, ӯ чунин иброз доштанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.