Имрӯз, 23 – юми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии шуъбаи тарбияӣ донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нурализода Наргис, мудирони кафедраҳои донишгоҳ, муовинони декан оид ба тарбия, созмонҳои ҷамъиятӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи миллиии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3.03.2006, №94), раванди назорати «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», назорати дурӯсти раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ дар факултетҳо, назорати дурӯсти навбатдориҳо дар факултет ва саҳни донишгоҳ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани тарзи дурустӣ низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳо ва иҷрои нақша- чорабиниҳои тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сараввал муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Нурализода Наргис баромад намуда роҷеъ ба пӯшидани сару либоси миллӣ ва либосҳои тавсиявӣ баромад намуда иброз доштанд, ки пӯшидани либосҳои бегона ва тарғиби фарҳанги бегона суханрони намуданд.
Инчунин мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, достент Шарипов Сангимурод роҷеъ ба пӯшидани либосҳои тавсиявӣ суханрони намуда, иброз доштанд, ки арҷгузоштан ба миллат ин ба пӯшидани либосҳои тавсиявӣ ва миллӣ шаҳодат медиҳад. Ҳастии миллат ин арҷгузоштан ба суннатҳои миллӣ мебошад. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуданд, ки либоси миллиамонро ба рӯйихати ғайри моддии ЮНЕСКО шомил намуданд, гуфт Шарипов С.
Дар идома мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ оид ба иҷроиши Консепсияи миллии тарбия ва дигар самтҳои тарбия, низоми ҳуҷҷатгузории соатҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳои академикӣ ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ, танзим намудани сару либоси донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба ҳаргуна маҳфилҳои интеллектуалӣ – зеҳнӣ мебошад.
Дар қисмати охири ҷаласа, Сиёвуш Абдураҳимов- мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи даватӣ, Алихон Саидов – мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва Бобомурод Ғаффоров профессори факултети химия ва биологияи донишгоҳ оид ба беҳтар намудани раванди корҳои тарбиявӣ, тарбияи дурӯсти наврасону ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва иштироки фаъоонаи омӯзгорон дар чорабиниҳои тарбиявӣ фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.