Имрӯз, 22-юми январи соли 2025 дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат аз ҳавзаи интихоботии рақами 25 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод ва аз ҷониби вакилон якдилона ҷонибдорӣ ёфт.
Қобили зикр аст, ки Қурбонзода М.Р. яке аз аъзои фаъолу ташаббускори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, як даъват ӯ аз ҳавзаи интихоботии рақами 1-и шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд ва рисолати худро бо сарбаландӣ иҷро намуданд.
Интихоб шуданашон ба ҳайси Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон далели боэътимод ва маҳбубияти ӯ миёни ҷомеа буда, мутмаинем, ки Қурбонзода М.Р. барои пешрафти ҷомеа ва ҳалли мушкилоти сокинони ноҳияи Восеъ талоши бештар намуда, дар ин самт саҳм худро барои созандагиву бунёдкории кишвар мегузоранд.
Аз номи ҳайати профессорону устодон ва кормандони ДДБ ба номи Носири Хусрав устоди арҷмандро барои Вакили маҷсили вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб шуданашон самимона шодбош гуфта, дар роҳи фаъолияти босамарашон дар ин ҷодаи пуршараф комёбиҳо орзумандем.