Эъломияи Куруш, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин эъломия, ки бо номи «Устуворонаи Куруш» машҳур аст, дар Музейи Британия маҳфуз буда, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад.
Ба назарам, матни ин эъломияро, ки бо хат ва забони бобулӣ навишта шуда, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии он бо саъй ва эҳтимоми олими шинохта П. Ҷамшедов ба табъ расидааст, овардан аз аҳамият холӣ нест: «Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия — шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати адабӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст.
Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук — худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд.
Вазъи дохилии Бобул ва амокини муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳеч як аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд.
Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Шумеру Аккадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».
Эъломияи мазкур падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс, Куруш олиҳимматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ ато кард.
Ин эъломияи башардӯстона, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони гуногунмиллату мухталифойин шумурд, аз тамаддуни ориёӣ сарманшаъ гирифтааст. Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути равшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард.
Ризозода Шодибек Ҳаким, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав