(Дар партави ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024)
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
(иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024)
Тарбияи кўдак, баъдтар ҷавонон дар мактаб ва коллективҳои меҳнатӣ давоми худро меёбад. Шиносоӣ бо талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ аз мактаб сар мешавад. Омўзиши соҳаҳои гуногуни илм дар мактаб дар инкишофи шахсият мавқеи бузург дорад. Ҳисси ватандўстӣ, инсонпарварӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти ҳуқуқ ва иҷрои ўҳдадориҳои ҳуқуқӣ, инкишофи шуурнокии ҳуқуқӣ, эҳтироми талаботҳои қонун ва ғайра дар мактабҳо ба шахси алоҳида омўхта мешаванд .
Дар Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 чунин қайд карда шудааст: “Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон нишон дод, ки аз ҷониби онҳо асосан содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Чунончӣ, ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо содиршуда 3917 (2016-693, 2017690, 2018-907, 2019-873, 2020-754) ададро ташкил медиҳанд. Сабабҳои асосии сар задани ин қабил ҷиноятҳо, ки имрўз сокинони ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст, ба як қатор омилҳои айнӣ (объективӣ) ва зеҳнӣ (субъективӣ) асос ёфтааст”.
Бояд гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз ҷузъи ҷудонашавандаи пешрафти инсоният ба ҳисоб меравад, бо тамоми ҷанбаҳои мусбати худ паёмадҳои манфиро низ ба бор меорад. Ин раванд, аз як тараф, имкониятҳои васеъро барои рушди иқтисодӣ, дастрасӣ ба технологияҳои нав ва табодули фарҳангҳо фароҳам меорад, аммо аз тарафи дигар, метавонад ба шахсият ва ҷаҳонбинии насли ҷавон таъсири манфӣ расонад. Воридшавии фарҳангҳои бегона, ки аксаран тавассути филмҳои синамои хориҷӣ, барномаҳои телевизионӣ, мусобиқоти варзишӣ оид ба набардҳои тан ба тан, шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои гуногуни компютерӣ ба зеҳни ҷавонон роҳ меёбанд, боиси паҳншавии ғояҳои зӯроварӣ, бераҳмӣ, фаҳш, худхоҳӣ ва бартариятҷӯӣ мегарданд. Ин падидаҳо метавонанд ахлоқи иҷтимоиро заиф гардонида, эҳсоси меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар байни насли нав коҳиш диҳанд. Хусусан, ҷавонон ва наврасоне, ки ҳанӯз дар ҳоли ташаккулёбии шахсияти худ қарор доранд, бештар ба таъсири ин падидаҳо дучор мешаванд. Таассуроте, ки аз муҳити маҷозӣ ва расонаҳои хориҷӣ мегиранд, метавонад ҷаҳонбинии онҳоро тағйир дода, дар онҳо майли тақлидкории кӯр-кӯрона ва рад намудани арзишҳои миллию маънавиро ба вуҷуд орад. Дар натиҷа, муносибати онҳо бо ҷомеа, оила ва муҳити зист тағйир ёфта, онҳо метавонанд аз ҳувияти миллӣ ва ахлоқи анъанавии худ дур шаванд.
Аз ин рӯ, барои ҳифзи маърифати ахлоқӣ ва худшиносии ҷавонон, муҳим аст, ки падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши фаъоли худро иҷро намоянд. Лозим аст, ки дар баробари истифодаи неку самарабахши имкониятҳои ҷаҳонишавӣ, роҳҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ахлоқӣ ва ташаккули тафаккури солими насли ҷавон низ таҳким ёбанд. Танҳо дар ин сурат метавон таъсири манфии ҷаҳонишавиро коҳиш дода, аз дастовардҳои он баҳраманд шуд.
Мактаб ҳамчун яке аз муассисаҳои калидии иҷтимоӣ дар ташаккули шахсият ва тарбияи ҷавонон нақши муҳиме дар пешгирии ҷинояткорӣ бозӣ мекунад. Ин муассиса на танҳо ҷойе барои таълим, балки муҳити иҷтимоӣ барои рушди ахлоқ, одоб ва муносибат бо дигарон мебошад. Тарбия ва таҳсил дар мактаб метавонад ба коҳиш додани майли ҷавонон ба рафторҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ, мусоидат намояд.
Мактаб дар ташаккули арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии ҷавонон саҳми муҳим дорад. Дарсҳо дар бораи асосҳои ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандӣ, одоб ва ахлоқ, инчунин муҳокимаи масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ кӯмак мекунанд, ки хонандагон дарк кунанд, ки чӣ гуна рафторҳои онҳо ба ҷомеа таъсир мерасонанд ва кадом амалҳо нодуруст ҳисобида мешаванд. Дарсҳо ва барномаҳои махсус, ки ба пешгирии ҷинояткорӣ бахшида шудаанд, метавонанд ба донишҷӯён дар дарки зарари ҷинояткорӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он кӯмак кунанд. Мактабҳо метавонанд бо ҷалби мутахассисон, аз ҷумла намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маъракаҳои зидди ҷинояткориро ташкил кунанд, ки ин ба хонандагон дониши амиқтар дар бораи масъулият ва тартиботи ҷамъиятӣ медиҳад.
Мактаб ҳамчун муҳити иҷтимоӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки муносибатҳои солим ва мусбиро бо ҳамсабақон ва омӯзгорон барқарор намоянд. Омӯзгорон ва кормандони мактаб метавонанд ҳолатҳоеро пешгирӣ кунанд, ки ба марҳилаҳои аввали ҷинояткорӣ (масалан, зӯроварӣ ва таҳдид) асос мегузоранд. Дастгирӣ ва роҳнамоӣ ба хонандагони ниёзманд ё онҳое, ки зери таъсири муҳитҳои номатлуб ҳастанд, метавонад онҳоро аз роҳҳои номатлуб дур созад.
Мактабҳои замонавӣ аксар вақт равоншиносон ва мушовирони иҷтимоӣ доранд, ки метавонанд ба шогирдон дар ҳалли мушкилоти шахсӣ ва иҷтимоии онҳо кӯмак кунанд. Ин кор метавонад омилҳои фишоровар ба ҷинояткорӣ, аз қабили стресс, норасоии дастгирии иҷтимоӣ ва ҳисси бадбинӣ ба дигаронро коҳиш диҳад. Шахсони дорои мушкилоти равонӣ ва иҷтимоӣ, ки сари вақт дастгирӣ меёбанд, эҳтимоли камтар доранд, ки ба ҷинояткорӣ рӯй оранд.
Бо роҳандозии ҳамкориҳо бо волидон, мактаб метавонад нақши худро дар тарбияи ахлоқии шогирдон тақвият диҳад. Маърифати падару модарон дар самти тарбияи ҳуқуқӣ ва роҳнамоии дуруст, инчунин дастгирии онҳо дар ҷилавгирӣ аз таҳсилоти нопурра ва рафтори номатлуб метавонад кӯмак кунад, ки кӯдакон ва ҷавонон аз ҳолатҳои ба ҷинояткорӣ кашидани онҳо дур бошанд.
Барномаҳои варзишӣ, санъат, мусиқӣ ва дигар фаъолиятҳои иловагӣ дар мактаб метавонанд ба хонандагон имконият диҳанд, ки вақт ва нерӯи худро ба рушди истеъдод ва тавонмандиҳои худ сарф кунанд. Бо ташкили барномаҳои ҷамъиятӣ ва иртибот бо сохторҳои ҷамъиятӣ, мактаб метавонад хонандагонро бо арзишҳои мусбати ҳамкорӣ ва масъулияти иҷтимоӣ шинос намояд. Ба ин барномаҳо метавонанд чорабиниҳои тозакунии муҳит, корҳои хайрия ва ташаббусҳои ба ҷомеа фоиданок дохил шаванд, ки онҳо ҳисси масъулияти шаҳрвандиро дар хонандагон инкишоф медиҳанд.
Мактаб метавонад дар пешгирии ҷинояткорӣ тавассути тарбияи ахлоқӣ, маълумоти ҳуқуқӣ ва мусоидат ба рушди иҷтимоии шогирдон саҳмгузор бошад. Ба ин восита, мактаб кӯмак мекунад, ки ҷавонон дорои дониши зарурӣ дар бораи қонун ва одоб шаванд, ки ин на танҳо ба паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, балки ба эҷоди ҷомеаи масъул низ мусоидат мекунад. Ҳамкории зичи мактаб бо ҷомеа, падару модарон ва мақомоти дахлдор метавонад барои коҳиши ҷинояткорӣ ва тарбияи насли солими ҷамъият саҳми назаррас гузорад.
Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дуруст таъкид менамояд, ки дар аксари ҳолатҳо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон, бо вуҷуди доштани маълумоти зарурӣ дар бораи хонандагоне, ки майл ба содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят доранд, инчунин онҳое, ки мунтазам низоми таълиму тарбияро вайрон намуда, нисбат ба атрофиён муносибати дағалона зоҳир мекунанд, тадбирҳои муассир барои пешгирии чунин рафторҳои номатлубро намеандешанд.
Ин бетаваҷҷӯҳӣ метавонад аз набуди ҳамкории муассир миёни муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои дахлдор, аз қабили мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин камфаъолиятии баъзе омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи хонандагон маншаъ гирад. Дар чунин ҳолатҳо, на танҳо чораҳои саривақтӣ барои ислоҳи рафтори хонандагон андешида намешаванд, балки масъулияти падару модарон низ, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ барои рафтори фарзандони худ ҷавобгар мебошанд, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нодида гирифта мешавад.
Набуди вокуниши фаврӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ метавонад боиси ташаккули муҳити носолим дар муассисаҳои таълимӣ гардад, ки дар натиҷа сатҳи ҳуқуқвайронкунии наврасон афзоиш меёбад. Барои пешгирии ин раванд, зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият дода шуда, барномаҳои самараноки таълиму тарбия ҷорӣ карда шаванд.
Муассисаҳои таълимӣ бояд дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, равоншиносон ва падару модарон барномаҳои махсуси пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи ахлоқиро таҳия ва татбиқ намоянд. Инчунин, зарур аст, ки механизмҳои назорат ва таҳлили рафтори хонандагон такмил дода шуда, омӯзгорон барои дарёфти роҳҳои муассири таъсиррасонӣ ба рафтори хонандагони моил ба ҳуқуқвайронкунӣ омода карда шаванд.
Танҳо бо роҳи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои тамоми ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як ҷониб метавон раванди пешгирии ҳуқуқвайронкунии наврасонро самаранок гардонида, муҳити таълимиро барои насли ҷавон бехатар ва созгор сохт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2024 дуруст таъкид намуданд, ки “то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”.
Мувофиқан ба Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бояд гуфт, ки мутаассифона, дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб нақши мақомоти ваколатдори давлатӣ ба таври кофӣ назаррас набуда, ҳамоҳангии байни сохторҳои дахлдор дар сатҳи зарурӣ таъмин нашудааст. Хусусан, ҳамкории Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар самти татбиқи чорабиниҳои фардӣ бо наврасони душвортарбия ва амалисозии тадбирҳои профилактикӣ бо гурўҳҳои ташаккулёфтаи моил ба ҳуқуқвайронкунӣ суст ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷа, нақшаҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аксаран сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда намешаванд, ки ин боиси афзоиши ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон мегардад. Набуди назорати самаранок ва чораҳои саривақтии тарбиявӣ метавонад муҳити номусоиди иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, дигар хонандагонро низ ба ҷинояткорӣ ва рафтори зиддиахлоқӣ таҳрик диҳад. Барои рафъи ин мушкилот, зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои дахлдор тақвият дода шавад. Ҷорӣ намудани механизми самараноки ҳамоҳангсозӣ ва назорат, татбиқи барномаҳои мушаххаси пешгирӣ, ворид кардани равишҳои нав дар кори фардӣ бо ноболиғон ва ҷалби падару модарон ба ин раванд метавонад роҳҳои муассири ҳалли ин масъала бошад.
Илова бар ин, муҳим аст, ки барномаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо назардошти таҳаввулоти иҷтимоӣ ва равониву ахлоқии наврасон таҳия ва татбиқ шаванд. Танҳо бо ин роҳ метавон пеши роҳи густариши рафторҳои номатлубро гирифт ва барои ташаккули ҷомеаи солим шароит фароҳам овард.
Ҳамин тавр, маҳз мактаб дар пешгирии барвақти ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Натиҷаи мусбати ин фаъолият дар сурати ба ҳам пайвастани саъю кӯшиши муассисаи таълимӣ, оила, фароғати беруназмактабӣ ва муассисаю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамкории зич бо мақомоти корҳои дохилӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ имконпазир мегардад.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ Қудратзода Некруз Абдунабӣ