Дар ҳамаи давру замонҳо мақоми мактаби олӣ тибқи теъдоди олимону дастовардҳои илмии онҳо шинохта мешавад. Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав соли аввали таъсисаш, яъне соли 1978 ҳамагӣ панҷ номзади илм дошту халос. Ҳоло дар донишгоҳ 16 нафар докторони илм, профессорон ва 78 нафар номзадҳои илму дотсентон ба сифати устодони доимӣ фаъолият менамоянд.
Ҳайати мазкур дар 32 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғуланд. Корҳои илмӣ аз рӯйи 22 равия (самт) ва 64 мавзуъ ба роҳ монда шудааст. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ бо роҳҳои коромӯзӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, ходимони илмӣ, рухсатии эҷодӣ ва бакалаврияту магистратура зина ба зина роҳандозӣ шудааст. Дар панҷ соли охир аз ҳисоби устодони донишгоҳ 6 нафар рисолаҳои докторӣ ва 36 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд, ки аз ин миқдор 14 нафари номзадҳои илм занон мебошанд. Дар ин муддат 6 нафар устодони донишгоҳ ба унвони профессорӣ ва 17 нафар номзадҳои илм ба гирифтани унвони дотсентӣ шарафёб гардиданд.
Донишгоҳ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тобеи Вазорати маориф, пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Олимони пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва макотиби олии кишвар ба ҳайси роҳбарони илмии аспирантону муҳаққиқон ва корҳои илмӣ ҳамкорӣ менамоянд. Дар панҷ соли охир устодони донишгоҳ зиёда аз 100 адад китоби дарсию монография, 160 номгӯй дастуру воситаи таълимӣ, зиёда аз 1200 адад мақолаҳои илмӣ рӯйи нашр оварданд. Дар донишгоҳ ҳар сол беш аз 10 конференсияҳои илмии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, умумидонишгоҳӣ ва семинарҳою дигар нишастҳои илмӣ баргузор мегардад.
Дар донишгоҳ аз соли 2002 инҷониб шуъбаи аспирантура фаъолият дорад, ки он бо фармони Вазорати маориф таҳти № 250 аз 07.01.2001 таъсис ёфта буд. Мувофиқи иҷозатнома (литсенсия) дар аспирантураи донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:
муодилаҳои дифференсиалӣ(01.01.02), математикаи дискретӣ ва кибернетикаи математикӣ (01.01.09), таърихи ватанӣ (07.00.02), адабиёти тоҷик (10.01.03), забоншиносии муқоисавӣ(10.01.20), педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот(13.00.01), назария ва методикаи таълим (13.00.02). Донишгоҳ барои тайёр намудани кадрҳо аз рӯйи дигар ихтисосҳо низ имкониятҳои васеъ дорад. Инро ба назар гирифта, донишгоҳ дар мувофиқа ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои химияи ғайриузвӣ(02.00.01), биология(03.00.05), асосҳои назариявии информатика (05.13.17) низоъшиносии этносиёсӣ, равандҳо ва технологияҳои миллӣ(23.00.02), иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (08.00.05) аспирантонро қабул намудааст, ки онҳо таҳсилро бомуваффақият идома дода истодаанд. Дар чор соли охир шуъбаи аспирантураи донишгоҳро 52 нафар аспирантон хатм намуданд. Соли 2013 шумораи умумии аспирантони донишгоҳ ба 81 нафар расид, ки аз ин рақам 36 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 40 нафари боқимонда дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Панҷ нафар аспирантон аз мамолики хориҷ низ дар аспирантураи донишгоҳи мо бомуваффақият таҳсил намуда истодаанд.
Соли хониши 2012-2013 дар донишгоҳ шуъбаи магистратура кушода шуд. Ҳоло дар курси якум ва дуюми ин шуъба 315 нафар магистрант таҳсил менамояд. Шуъбаи магистратура аз рӯйи ихтисосҳои зерин магистрантонро ба таҳсил фаро мегирад: математика(1-02.05.03) , физика(1-02.05.04), биология(1-02.04.01), химия(1-02.04.01), таърих(1-02.01.01), таърих ва ҳуқуқ(1-02.01.02), информатика-математика(1-02.05.05), системаҳои автоматикунонидашуда (1-40.01.01. 02), таҳсилоти томактабӣ (1-01.01.01.01), менеҷменти иҷтимоӣ(1-26.02.02), баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (1-25.01.08), кори бонкӣ(1-25.01.04.02) филологияи тоҷик(1-21.05.01), забон ва адабиёти рус(1-21.05.01.08), забони англисӣ(1-21.05.02.08), технология(1-02.06.01), таҳсилоти ибтидоӣ(1-01.02.01). Ба магистрантон устодони пуртаҷриба аз ҳисоби профессорон ва дотсентон дарс гуфта, ба рисолаҳои илмии онҳо роҳбарӣ менамоянд. Ба таълиму тадрис дар ин шуъба профессорону дотсентон аз донишгоҳу донишкадаҳои шахри Душанбе низ ҷалб карда шудаанд.
Дар донишгоҳ аз соли 2008 Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.01- педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва маориф, 13.00.02-назария ва усули таълиму тарбия (методикаи таълими физика ва математика) амал менамояд. Дар ин Шӯрои диссертатсионӣ то ҳозир 66 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Аз он ҷумла соли 2012 23 нафар рисолҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намуданд. Дар Шӯрои диссертатсионии мазкур ду нафар аз мамолики хориҷӣ (Ҷумҳурии Қазоқистон) низ рисолаҳои худро дифоъ намуданд, ки он аз баланд гаштани нуфузи донишгоҳ дар хориҷи кишвар шаҳодат медиҳад.