Вилояти Хатлон яке аз мавзеъҳои сайёҳиву тамошобоби кишвар ба шумор рафта, ёдгориҳои таърихӣ таърихи чандинҳазҳорсолаи онро бозгӯ менамояд. Ин боиси он гаштааст, ки аз сар то сари ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар сайёҳон барои ошноӣ пайдо намудан бо ин минтақаи таърихӣ ба осорхонаи вилояти рӯ оранд. Мо ҳамчун омӯзгор вазифадорем, ки донишҷӯёнро аз таърихи гузаштаи маҳаллу мавзеи хеш огоҳ созем. Бо назардошти ин масъала 19-уми октябри соли ҷорӣ мо бо ҳамроҳии 10 нафар донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик, ихтисоси журналист-тарҷумон ба осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” ташриф оварда, аз бозёфтҳои таърихии он дидан намудем. Мо аз таърих ва фарҳанги чандинҳазорсолаи минтақа огоҳ гашта, бо бозёфтҳои археологии қадима аз наздик шинос гардидем. Мо таърихи ҳамаи он бозёфтҳоеро, ки диққатҷалбкунанда буданд, аз роҳабалади осорхона пурсон шуда, маълумоти додаи ӯро дар дафтарчаҳои махсус қайд намудем. Азбаски донишҷуёни мо дар ихтисоси рӯзноманигорӣ таҳсил менамоянд, диққати онҳоро бештар асбобҳое ҷалб намуданд, ки ба ихтисоси онҳо рабт доштанд. Аз он ҷумла, дурбинҳо, суратгирак, мошинаҳои чопӣ ва телевизиору радиоҳои ихтирои солҳои пешин.
Бояд гуфт, ки дар осорхонаи мазкур ҳар як соҳа ва ё воқеаҳои таърихӣ барои худ гушаи махсусе доранд, ки нигораву бозёфтҳои вобаста ба он барои сайёҳону тамошобинон ба намоиш гузошта шудааст. Чуноне қаблан гуфтем, гурӯҳи моро ҳамроҳикунанда дар риштаи журналист-тарҷумон таҳсил менамоянд. Бинобар ин, мо бо донишҷӯён тасмим гирифтем, ки маълумотро оид ба бозёфтҳои осорхона бо забонҳои англисӣ ва олмонӣ тарҷума намоем, то ҳам касбияти онҳо ташаккул ёбад ва ҳам минбаъд ҳангоми ташрифории сайёҳони хориҷӣ ба онҳо чун роҳнамо хизмат расонида тавонанд.
Баротова Робия омӯзгори ДДБ ба номи Носири ХусравНосири Хусрав