БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рафти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дидан намуд. Дар сафари корӣ, Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми ҷумҳуриро Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Қурбонзода Маҳмадалӣ, ректори Донишгоҳи давлатии…

Муфассал

ДИДАН НАМУДАНИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ КИШВАР АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

21 августи соли равон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири мамлакат, аз рафти ҷараёни даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дидан намуданд. Дар сафари корӣ Дилрабо Мансуриро муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба…

Муфассал

1. ОЗМУНИ «ФУРӮҒ» ДАР БОХТАР:

ҲАМИН АДАБИЁТ АСТ, КИ ҚАЛБҲОИ МОРО ПУР АЗ МУҲАББАТ МЕКУНАД… (мушоҳидаҳои рӯзи аввал) …Дар рӯ ба рӯйи ҳуҷраи банда дар ҳутели “Рамз”-и шаҳри Бохтар (дар гузаштаҳо – Қӯрғонтеппа) теппае ҳаст ва болои он манорае бо сабки маъмули шарқиёна… Ҳоло ба ёдам намеояд, ки ин манора ё арки машҳурро дар маркази шаҳри Бохтар чӣ меноманд… Муҳим…

Муфассал

ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз 19 август дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи озмун аз ҷониби…

Муфассал

ОҒОЗИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Имрӯз, 18 марти соли 2024 дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба гузаронидани даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Сараввал, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Меҳринисо Ҷалилова вобаста ба Фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати баргузории даври муассисавии озмун, ҳайати комиссия ва кумитаи тадорукот…

Муфассал

ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР БАХШҲО

Ҳайати комиссия довталабони даври аввали озмуни ҷумҳуриявиро дар доираи Низомнома аз санҷиш гузаронида истодаанд. Аз саволу ҷавобҳо маълум мешавад, ки иштирокчиён омодагии зиёд дидаанд. Қайд намудан зарур аст, ки ба озмун 100 нафар довталаб номнавис шудаанд. Тибқи нақша озмун аз 18 то 20 март идома меёбад.

Муфассал

ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи садорати факултетҳо ва гимназияи донишгоҳ расонида мешавад, ки рӯзҳои 18.03.2024 – 20.03.2024 даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад. Бинобар ин, аз тамоми масъулон хоҳиш менамоем, ки рӯйхати иштирокчиёни озмуни мазкурро то санаи 16.03.2024 хаттию электронӣ ба шуъбаи илм ва инноватсия пешниҳод намоянд. Шуъбаи илм ва инноватсия

Муфассал

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,…

Муфассал

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ…

Муфассал

ҒОЛИБОНИ ОЗМУН БА ДАВРИ ШАҲРӢ РОҲХАТ ЁФТАНД

НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ВА ОСОРИ ШИФОҲӢ: – МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ СИНФҲОИ 1-4: 1. Нозанини Диловар, хонандаи синфи чоруми литсейи назди донишгоҳ; 2. Турахонова Мавзуна, хонандаи синфи сеюм; 3. Шарипова Амина, хонандаи синфи чорум; 4. Шарифзода Аниса, хонандаи синфи чорум; 5. Қодирова Мадина, хонандаи синфи чорум. НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ВА ОСОРИ ШИФОҲӢ:…

Муфассал