Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ оид ба масоили обу иқлим ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об даъват намуд.
ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Швейтсия — шаҳри Стокголм Ҳафтаи ҷаҳонии об, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд, анҷом ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муаррифии иқтидори обию энергетикии Тоҷикистон дар Стокголм
Дар ҳамоишҳое, ки дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокголм доир гардиданд, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа оид ба натиҷаҳо ва тавсияҳои Конфронси сеюми сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе баргузор гардид, сухан намуда, нақши онро дар омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2026 /СММ/ муассир арзёбӣ кард. Инчунин дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар гӯшае, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ташкил гардид, захира ва иқтидори обию энергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд
Тоҷикистон аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш бурда, тавсеа мебахшад.
Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи мусоид гузошт.
Дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои аъзо ва ниҳодҳои СММ, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд.
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об нақши муассир гузоштаанд
Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об- «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд.
Ин ташаббусҳо бозгӯи саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра мебошанд.
60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад
Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ буда, дар ҷаҳон баъд аз Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон, Канада ҷойи ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи якумро ишғол менамояд.
60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мавҷуд мебошанд.
Захираҳои об дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муассир доранд.
95 фоизи барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад
Дар айни замон захираҳои об дар ҷумҳурӣ манбаи асосии истеҳсоли энергия буда, 95 фоизи барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим доранд, истифода мешаванд.
Тоҷикистон — мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул шуда, «Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Тоҷикистон саҳми аввалини молиявиро дар ин фонди эътимодбахш гузоштааст. Соли 2025 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.
Нақши фаъол ва калидии Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи об ва иқлим
Дар маҷмуъ, Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои глобалиаш дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ба ҳайси давлати пешсаф ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об дар миқёси сайёра даъват намуда, ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нақши фаъол ва калидии Тоҷикистонро дар татбиқи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз