Имрӯз 27- уми сентябр дар толори маҷлисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба рӯзи “Байналмиллалии сайёҳӣ” аз ҷониби факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, мизи мудаввар баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дотсент, Нориён Фирдавс Исматулло кушода, ҳозиринро барои иштирок намудан дар мизи мудаввар самимона шодбош намуд. Сипас, Нориён Ф.И, ёдовар гардиданд, ки сайёҳи яке аз самтҳои муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина корҳои зиёди илмию таҳқиқот пурра ба анҷон нарасидаанд. Аз ин рӯ мебояд дар ин равия бештар корҳои илмиро тақвият диҳем, зеро самти афзалиятноки замон мебошад.
Дар идомаи мизи мудаввар мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ, номзади илмҳои иқтисоди Наимов Бекмурод дар мавзуи “ Нақши соҳаи сайёҳӣ дар ташаккулёбии буҷети давлатӣ” баромад намуд.
Зимни баромад Наимов Б. иброз доштанд, ки соҳаи сайёҳи аз ҳисоби меҳмонону сайёҳон буҷаи давлат ғанӣ гардонида мешавад. Зеро ин самтест, ки барои роҳандозӣ намудани ин соҳа бояд роҳҳои алтерналивии ҷалби сайёҳонро фароҳам намуд. Чунки дар вилояти Хатлон зиёд аст мавзеҳое, ки гардишгарон метавонанд аз он дидан намоянд. Аз ин ҳисоб мо устодон бояд, аз назария ба амалия рӯй биорем.
Сипас тибқи барнома омӯзгори менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ, Бобохонов Олим дар мавзуи “Реклама ва нақши он дар рушди бозори туризм” баромад намуд.
Дар идома Бобохонов О. ёдрас намуд, ки реклама яке аз самтҳои самарабхши соҳаи сайёҳи буда, барои рушд додани ин равия аз ҷониби мутахассисони соҳа бояд хуб таблиғ карда шавад. Махсусан дар соҳаи рекламашиносӣ, ки яке аз роҳҳои сабарабахши тиҷорат ба ҳисоб меравад, зарурӣ ва муҳим дониста, дар шароити имрӯза наметавон бидуни реклама соҳаеро муаррифи намуд.
Дар охири ишитрокчиён оиди мавзуҳои матраҳгардида, муҳкимарони намуда, андешаҳои гуногуни илмӣ баён доштанд.
Боиси қайд аст, ки тибқи нақша- чорабиниҳои факултетҳо чунин мизҳои мудаввар мунтазам доир карда мешаванд.