Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек
1- уми январи соли 1981 дар ноҳияи Вахши Вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Номбурда соли 1998 мактаби таҳсилоти умумии миёнаи №15-и ноҳияи Вахшро хатм намудааст. Аз соли 1998 то соли 2003 донишҷўи таҳсилоти рўзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти кориро дар ДДБ ба номи Носири Хусрав аз соли 2005 оғоз намуда дар вазифаҳои гуногуни соҳавӣ фаъолият намудааст.
Аз ҷумла:
- солҳои 2005-2008 ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
- солҳои 2008-2011 муовини декан оид ба таълими донишгоҳи номбурда,
- солҳои 2011-2013 саромўзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
- солҳои 2013-2014 коромўзи Академияи давлатии ҳуқуқи Саратови федератсияи Россия,
- солҳои 2013-2016 мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ,
- солҳои 2016-2017 мудири кафедраи ҳуқуқшиносии донишгоҳи номбурда,
- аз 28 августи то 7 октябри соли 2017 сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
- аз 7-уми октябри соли 2017 то феврали 2022 декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,
- аз 18-уми феврали соли 2022 ба вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардид.
Солҳои 2010–2015, 2015-2020 вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Вахш буд. Аз соли 2020 то инҷониб вакили аз нав интихобгардидаи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Вахш аст.
-Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012).
– Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2020).
– Соли 2009 то соли 2013 аспиранти таҳсилоти ғоибонаи шуъбаи масъалаҳои назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддин АМИ ҶТ буд.
Соли 2014 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои умуминазариявӣ» ҳимоя намудааст ва ба ў дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шуд.
Соҳаи фаъолияти илмиаш: назарияи сиёсати ҳуқуқӣ, ҷанбаҳои назариявии сиёсати ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ.
Муаллифи зиёда аз 54 мақолаҳо, маърўзаҳо ва дастурҳои методии илмӣ мебошад.