Сентябрь 23, 2024
https://khovar.tj/…/namoyandagoni-to-ikiston-dar…/
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Мубодилаи дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон дар заминаи ислоҳот ва рушди таҳсилоти олӣ»-таҳти ин мавзуъ дар Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни ҳамоиш оид ба бастани шартномаи ҳамкорӣ ва мубодилаи дарозмуддат, таҳқиқоти якҷояи илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён ибрози андеша карда шуд.
Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Ҳамдамзода дар мавзуи «Илм ва маориф-пули ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин» маъруза намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав