Имрӯз, 30 – юми сентябр дар маркази Мавлоношиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бахшида ба бузургодошти Ҷалолиддини Балхӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар профессор Комилӣ А. Ш, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дотсентон, Нориён Фирдав, Маҳкамова Дилором Юнус, Аҳмадов Сафармад, ва номзадони илмҳои филологӣ, Муродов Алишер, Маҳмадалиева Муҳаббат ва дигарон низ иштирок намуданд.
Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент, Нориён Фирдавс бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, ҳозиринро барои дар сатҳи баланди илмӣ баргузор намудани мизи мудаввар изҳори миннатдорӣ намуданд. Ёдрас гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз мутафаккирони тоҷик аст, ки нақши он дар адабиёти тоҷик басо баланд аст.
Сипас, доктори имлҳои физика ва математика, профессор Комилӣ А. Ш. бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – файласуф ва табиатшиноси овозадори тоҷик” баромад намуда иброз доштанд, ки Мавлоно дар баробари ориф будан назарау ақидаҳои хешро дар риштаи табиатшиносӣ, бахусус илмҳои дақиқ баён намудааст. Аз ин бармеояд, ки Ҷалолиддини Балхӣ натанҳо шоир, балки қомусшинос низ мебошад.
Дар идома номзади илмоҳи филологӣ, дотсент Маҳкамзода Дилором Юнус дар мавзуи “ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар оинаи матбуот” баромад намуда, нақши асосии Мавлоно Балхиро дар рушди матбуоти тоҷик ба ҳозирин ёдовар гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар ЮНЕСКО доир гардида буд.