Имрӯз, 3 – юми октябр дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Нурализода Наргис бо волидони курсҳои якуми факултаи мазкур вохури доир гардид.
Дар вохури бо падару модарони донишҷӯён ноиби ректор оид ба тарбия Нурализода Н, декани факултет Раупов Ҷ, муовини декан оид ба таълим Зарифзода Зоир, муовини декан оид ба тарбия Муродов Р ва сарпарастони гурӯҳҳо иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз вохури бо падвру модарони донишҷӯён он аст, ки падару модарон бояд рафтори фарзандро назорат намоянд. Пайваста таъкид намоянд, ки онҳо ба ҳар гуна корҳои номатлуб даст назада ба хондан вақти хешро сарф намонд.
Инчунин истифодаи мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва истифодаи шабакаҳои ғайри ахлоқӣ истифода накунанд.
Дар охири вохури гуфта шуд, ки раёсати донишгоҳ ба донишу дарки фарзандони онҳо итминон дорад