«Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».
Пешвои муаззами миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аҳли ҷомеа барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ кӯмак мерасонад, ҳамчун сарпараст корҳои таъмирии муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ташкил менамояд ва ба падару модарон баҳри беҳтар намудани тарбияи оилавии фарзандон таъсир мебахшад. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки маркази кори таълиму тарбия мебошанд ва дар он мутахассисон-мураббияҳо фаъолият мебаранд, дар кори якҷояи мактаб, оила ва аҳли ҷамъият бояд ташаббус зоҳир намуда, пешбарандагони кор ва дар ҳамкорӣ роҳнамои дигарон бошанд. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки «Инсон дар таълиму тарбия чӣ қадаре ки пеш равад ва ба пояҳои баланди зиндагӣ расад, ҳамон қадар фурӯтан мешавад ва худхоҳиро аз худ дур менамояд».
Яке аз асосгузори назария ва амалияи таълиму тарбияи кӯдакон Я.А. Коменский дар ҳаёти инсон давраи томактабиро давраи «Мактаби модарӣ» номидааст. Дар заминаи чунин нишондод то ба мактаб рафтан кӯдак бояд чиҳоро омӯзад ва дар ин мактаби худ модар ба фарзанди худ бояд чиҳоро омӯзонад, дар раванди тарбиякунӣ ва омӯзонидан модар чӣ тавр, бо истифодаи кадом усулу воситаҳо амали таълиму тарбиявии худро роҳандозӣ намояд, таъкид шудааст. Вазифаи муҳими таълиму тарбиявии модар дар асари Я.А. Коменский «Мактаби модарӣ» ба таври зайл нишон дода шудааст: Инкишоф додани узвҳои ҳискунӣ, бой намудани тасаввуротҳои кӯдакон оид ба ҳақиқати олами иҳотакардашуда ба шарофати инкишофи нутқ ва ҳаракати дастҳо буд. Дар масъалаи тарбияи ахлоқӣ ӯ зарурияти эҳтироми калонсолон, гапдароӣ, адолатпешагӣ дар кирдору амалҳо, ростгӯӣ, хушмуомилагӣ, самимият, боилтифотӣ ва ғайраҳоро махсус таъкид кардааст.
Дар тарбияи фарзандон пеш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳаммаи хислатҳои неку бади инсон асосан аз оила ибтидо мегирад. Ба ин мақсад барои боз ҳам баланд бардоштани нақши падару модар дар тарбияи фарзанд, соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои мардуми кишварамон қабул гардид. Оила аввалин ячейкаи ҷамъиятӣ буда, он офаранда, бахшандаи ҳаёт ва бақои ҷомеа аст. Мақсади тарбияи оилавӣ – ин дар ҷамъияти демократӣ инкишофи ҳаматарафаи фарзандон аст, ки асоси онро тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ ва меҳнатӣ ташкил мекунад. Оила дар тарбияи фарзанд сарчашмаи асосию аввалин ҳисоб мешавад. Дар «Авесто» таъкид мегардад, ки агар кӯдак то синни ҳафтсолагӣ асосан бо модараш бошад, аз синни ҳафтсолагӣ бояд ӯро ба мактаб диҳанд. «Агар шумо кӯдаки хурд дошта бошед, ӯро ба мактаб фиристед, зеро дониш нури чашм аст».
Аз ин лиҳоз тарбияи фарзандонро дар муҳити оила таҳти назорати калонсолон тарбияи оилавӣ меноманд. Тарбияи оилавӣ қисми тарбияи ҷамъиятӣ буда, вазифаи он дар доираи оила ташкил кардани ҳаёти кӯдакон мебошад. Аз ин рӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» волидайн ва шахсони ивазкунандаи онҳоро чунин вазифадор кардааст: а) барои сиҳатӣ ва равонии бача пайваста ғамхорӣ намояд; б) ӯро ба мактаб омода намуда, барои қобилиятҳои вай шароитҳои зарурӣ муҳайё кунад; в) ҳуқуқ ва қадру қиммати бачаро ҳимоя намояд; г) фарзандро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси некӯкорӣ, раҳмдилӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту таърих, арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги дигар халқҳо тарбия намояд; д) ба бачаҳо барои гирифтани маълумот мусоидат кунад; е) фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ, озодии инсон ва риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намояд.
Нақши аҳли ҷомеа низ дар тарбияи фарзандон муҳим аст ва дар айни замон мафҳуми аҳли ҷамъият хеле васеъ гаштааст. Агар пештар зери ин мафҳум муассисаҳои давлатӣ, корхонаву созмонҳои ҷамъиятиро фаҳманд, акнун ба онҳо иттиҳодияҳо, ҷамъиятҳои саҳомии кишоварзӣ, саноатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва динӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ мансубанд, ки ба муассисањои тањсилоти томактабї, оилаҳои камбизоат ва муаллимон дасти ёрӣ дароз мекунанд.
ДАВДАТБЕКЗОДА ВАЙСИДДИН – омӯзгори кафедраи педагогика ва
психологияи таҳсилоти ибтидоӣ