Дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз ҷониби декани факултет, дотсент Раупов Ҷамшед дар мавзуи “Омилҳои хокҳосилкунанда” дарси кушод баргузор гардид.
Зимнан дар дарси кушод сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ, дотсентон Гулов Қ., профессорон Саидов Алихон, Пиров Аламшо ва дигар устодон иштирок намуданд.
Дотсент Раупов Ҷамшед дар дарс аз айёниятҳои замони муосир яъне Смарт-Экран истифода намуда, аҳмият ва мубрамияти мавзуи “Омилҳои хокҳосилкунанда” – ро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар охири вобаста ба мавзуи дарс, иштирокчиён назару пешниҳодҳои худро ба маъмурияти факултет барои беҳтар гардидани раванди таълим зикр доштанд.