АБДУНАЗАРОВ Хушбахт (тав. 7.04.1946, деҳаи Қӯшқияи ноҳ. Совет (ҳоло Темурмалик) вил. Кӯлоб, аз хонадони коргар), доктори илмҳои таърих (2009), профессор (2011), академики Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия (2014), узви ИЖ Тоҷикистон (2009), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1994), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2016). Хатмкардаи техникуми тарбияи ҷисмонии ш. Душанбе (1966), Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1973). Таҳсил дар мактаби миёнаи № 13 деҳаи Қӯшқияи ноҳ. Совет (1953-1963). Сарвожатийи мактаби миёнаи №13 ноҳ. Темурмалик (1963-1964), донишҷӯи техникуми тарбияи ҷисмонии ш. Душанбе (1964-1966), омӯзгори мактаби миёнаи №13 ноҳ. Темурмалик (1966-1975), директори мактаби миёнаи № 13 ноҳ. Темурмалик (1975-1990), раиси Шӯрои комиҷроияи деҳоти Қӯшқияи ноҳ. Темурмалик (1990-1993), дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДБ ба номи Носири Хусрав (1993-1998), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав (1998-2006), декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2006-2007), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2007-2013), профессори кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2013-2016), профессори кафедраи таърихи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав (2016 то инҷониб). Дар мавзӯи «Фаъолияти ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар тарбияи атеистии меҳнаткашон (солҳои 1971-1980)» рисолаи номзадӣ (1986) ва дар мавзӯи «Рушди чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1924-1990» рисолаи докториашро (2007) ҳимоя намудааст. Бо роҳбарии мавсуф 5 нафар рисолаи номзадиашро дифо кардаанд. Алҳол 5 аспиранту унвонҷӯй ва 3 докторант таҳти роҳбарии ӯ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Ғолиби озмуни «Олими сол» дар ДДБ ба номи Носири Хусрав (2003). Иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Ҳалли, Лейпсиг ва Берлин (Олмон, 2013). Муаллифи 200 мақолаи илмӣ, 4 монография, 30 дастури методӣ мебошад.

Ос.: История животноводства Таджикистана: 1924-1965 гг. Ч. 1 и 2., Душанбе, 2004, 2005; Қӯшқия, Кӯлоб, 1998; Воин, ученый, педагог, Бохтар, 1998; Славная жизнь, Душанбе, 1998; Колхозобод – маркази тамаддуни водии Вахш, Душанбе, 2002 (бо ҳаммуаллифӣ); Вахшонзамин, Душанбе, 2003; Роҳи пуршараф, Душанбе, 2003 (бо ҳаммуаллифӣ); Животноводства в дореволюционном Таджикистане, Душанбе, 2005; Историография проблемы животноводства Таджикистана, Душанбе, 2006; Ҳафт муъҷизаи классикӣ, Душанбе, 2007 (бо ҳаммуаллифӣ); Научно-исследовательские работы по развитию животноводства Таджикистана, Душанбе, 2008; Из истории использования пастбищных зон Таджикистана, Душанбе, 2008; Развитие животноводства Таджикистана в условиях научно-технического прогресса (1965-2000 гг.), Душанбе, 2008; Коневодство Таджикистана, Душанбе, 2008; Конские породы Таджикистана, Душанбе, 2008;