ИКРОМОВ Искандар роҳбари хирадманд, профессори донишманд, мутахассиси хуби таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Ӯ сарвари хайрхоҳ, инсони хоксор ва хеле дидадаро мебошад. Икромов И. 12-уми августи соли 1943 дар деҳаи зебоманзари Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳини (қаблан Шӯрообод) вилояти Хатлони Ҷумҳури Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1961 баъди хатми мактаби миёна ба факулттети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1968 бо дипломи аъло хатм менамояд. Дар байни таҳсил солҳои 1962-1965 дар давлати Олмон адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Сипас, дар кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳи азизаш ба сифати омӯзгор ба кор мононда мешавад. Соли 1980 дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Абулфараҷи Рунӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи номзади илми филология ноил гаштааст. Соли 1987 унвони илмии дотсенти кафедраи адабиёти тоҷикро гирифтааст. Соли 1992 зери роҳбарии доктори илми филология, профессор Расул Ҳодизода рисолаи докториашро бо номи “Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида» бомуваффақият дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи доктори илми филология мушарраф мегардад. Соли 1999 Комиссияи Олии Аттестатсионии Русия ба ӯ унвони баланди илмӣ-профессори кафедраи адабиёти тоҷикро муносиб донист. Аз соли 2001 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа дар вазифаи декани факултети филология кор мекард. Ӯ аз адабиётшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ буда, дар тайёр намудани номзадҳо ва докторҳои илм саҳми арзанда дорад. Ба қалами профессор Икромов зиёда аз 180 рисолаю мақолаҳои илмию методӣ тааллуқ дорад. Дар рисолаҳои ӯ «Абулфараҷи Рунӣ ва баъзе масъалаҳои сабки ироқӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» (1991), «Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида» (1992), «Масъалаҳои филологияи тоҷик» (бо ҳамқаламии А.Алиев ва М.Раҳмонов, 1995), «Зеҳнпораҳо» (2007) ва амсоли инҳо бисёр қазияҳои торик ва ҳалнашудаи адабиёти классикии тоҷику форс ва намояндагони барҷастаи он бо покизакорӣ ва мӯшикофона рӯи тадқиқ дидаанд. Профессор И.Икромов дар илми санъатшиносии тоҷик низ бо таълифи рисолаи «Одина Ҳошим» (с.2001) саҳми босазо гузоштааст. Ӯ дар ин рисола ҳаёту фаъолият, фоҷиаи рӯзгор ва мактаби ҳунарии Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони нотакрор Одина Ҳошимро хеле хуб ва боварибахш таҳлил кардааст. Ӯ ифтихор дорад аз касби душвор, вале бошарафи худ, чунки дар симои бисёри шогирдонаш ҷавонии худро мебинад. Аз соли 2006 И. Икромов ба вазифаи мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва рӯзноманигорӣ гузаронида шуд. Ба ҷои ӯ номзади илми филология Рустам Тағоймуродов(Хомарахш) декани факултети филология таъйин гардид ва мавсуф дар ин вазифа як сол то моҳи июни соли 2007 кор кард. Баъд аз он номзади илмҳои педагогика Шарифхоҷаев М. то моҳи феврали соли 2008 декани факулта буд. Баъд аз муттаҳид намудани факултаҳои филология ва забонҳои хориҷӣ ба ҷои Шарифхоҷаев М. номзади илми филология Наргис Раҳмонова декани факултети филология таъйин гардид.