Шодиён Муҳаммад Султонзода 28 феврали соли 1965 дар деҳаи Гирдоби деҳшӯрои Себистони ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 14-и шаҳри Норак ба факултети математикаи шуъбаи (филиали) Қӯрғонтеппагии Донишгоҳи давлатии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) бо ихтисоси математика-физика дохил шуда, соли 1989 таълимгоҳи номбурдаро бомуваффақият ба итмом мерасонад. Тӯли солҳои 1984 – 1986 хизмати ҳарбиро дар ҳайати қушунҳои хушкигарди округи ҳарбии Киеви Ҷумҳурии Украина адо менамояд. Дар давоми хизмат дар ҳайати артиш бо медали «Барои хизмати шоёни ҳарбӣ» (соли 1986) қадршиносӣ шудааст.

Баъди хатми таълимгоҳ бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи геометрия ва усули таълими математикаи донишкада ба ҳайси омӯзгор мононда мешавад. Моҳи январи соли 1994 ба коромӯзии яксола ба кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва таҳлили функсионалии ДМТ сабти ном мегардад ва баъдан ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДОТ дохил шуда, корҳои илмиашро таҳти роҳбарии яке аз олимони намоёни ҷумҳурӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Бойматов ривоҷ дода, соли 2000 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷудошавандагии операторҳои Штурм–Лиувил ва Шрёдингер дар фазои векторфунксияҳои бовазнинтегронидашаванда» бомуваффақият дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физика-математика мушарраф мегардад.

Моҳи январи соли 2005 декани факултети математика ва технологияи донишгоҳи мазкур таъйин гардида, аз моҳи феврали соли 2008 ба вазифаи директори маркази компютерӣ ва охири соли 2008 ба вазифаи ноиби ректор оид ба иқтисод таъйин мегардад. Солҳои 2009-2012 дар вазифаи директори маркази таҳсилоти ғоибона кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2012 то ин ҷониб дар мансаби ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав адои вазифа менамояд.

         Шодиён М.С. 27 апрели соли 2016 дар мавзӯи «Тарбияи ахлоқии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши таърих ва методикаи таълими математика дар партави ғояҳои донишмандони асримиёнагии форсу тоҷик» аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – методикаи таълими математика рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ мушарраф гардид. Аз соли 2017 ба ҳайси профессори кафедраи методикаи математика пазируфта шудааст.

         Дар тӯли роҳбарии Шодиён М.С. раванди таълиму тарбия ва симои донишгоҳ ба куллӣ дигаргун гардид. Донишгоҳ ба яке аз марказҳои бузурги илмӣ ва омодасозии кадрҳо мубаддал гардид.

Шодиён М.С. муаллифи панҷ китоби дарсӣ, 20 адад дастуру васоити таълимӣ ва зиёда аз 100 адад мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзандааш дар таълиму тарбияи ҷавонон бо мукофоти давлатии медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) ва мукофотҳои соҳавии нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003), «Ифтихорнома»-и Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Раёсати ҲХДТ қадршиносӣ гардидааст. Аз соли 2003 узви ҲХДТ ва узви раёсати ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад.