МУРОДОВ  Файзидин    Рамазонович.

Декани факултаи техники ва технологӣ,номзади илмҳои физика математика 

 918 -52 – 00 – 29

*Аз феврали соли 2019 дар мансаби декани факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар   ба   номи  Носири   Хусрав  кор мекунад.

* Соли таваллуд:  14.06. 1972          * Ҷои таваллуд:  ноҳияи  Кӯшониён.

* Миллат: тоҷик                                  * Таҳсилот:   олӣ.

*Соли  1994 –   Донишгоҳи    давлатии  Бохтар    ба  номи  Носири  Хусрав   (рўзона)-ро  хатм   кардааст.

* Ихтисос : омўзгори   фанни физика-математика.

* Унвони   илмӣ:  номзади  илмҳои физика-математика, дотсент.

* Кадом  забонҳои  хориҷиро  медонед:  русӣ,  немисӣ, ва  англисӣ  бо  луғат.

* Бо   мукофотҳои   давлати   сарфароз   гардонида   шудааст  ё не:   

   Аълочии  маориф  ва   илми    Ҷумҳурии    Тоҷикистон

* Вакили    Маҷлиси    вакилони   халќ   ҳаст ё  не:   не.

* Вазъи   оилавӣ:   оиладор.

* Суроға:  ноҳияи  Кӯшониён  ҷамоати  Заргар  кўчаи  Обшорон  хонаи- 8.

Кор   ва   фаъолияти   собқа

Солҳои 1989-1994 Донишҷўи  Донишгоҳи  давлатии   Бохтар ба  номи  Носири   Хусрав.
Солҳои 1994-1998 Омўзгори  кафедраи  физикаи  назариявии  факултети физикаи Донишгоҳи   давлатии  Бохтар   ба  номи Носири Хусрав.
Солҳои 1998-2005 Ҷонишини декани  факултаи  физикаи  Донишгоҳи  давлатии  Омўзгории  Тоҷикистон  ба номи   Садриддин    Айнӣ.
Солҳои  2005-2010 Декани  факултаи   Электроэнергетикии  Донишкадаи   энергетики   Тоҷикистон.
Солҳои  2010-2014 Мудири  кафедраи  «Сохтмони  иншоотҳои  гидротехники»-и   Донишкадаи    энергетики   Тоҷикистон.
Солҳои 2014-2017 Мудири   кафедраи «Ташкили   ҳаракати  автомобилӣ  ва  идоракунии   сохтмон»-и  Донишгоҳи  давлатии   Бохтар  ба  номи  Носири Хусрав
Аз   1- сентябри 2017  то 2.02.2019 Мудири кафедраи «Наќлиёти автомобилӣ»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар   ба   номи  Носири   Хусрав
Аз 2.02.2019 то ҳоло Декани факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар   ба   номи  Носири   Хусрав

 Факултети техникӣ ва технологӣ

Соли 2009 факултети технология ва ташкили ҳаракати автомобилӣ ташкил карда шуд. Дар факултет ду кафедра -технологияи коркарди масолеҳҳо ва кафедраи ташкили ҳаракати автомобилӣ ва идоракунии сохтмон фаъолият менамоянд.
Дар солҳои охир бо кӯмаки роҳбарияти донишгоҳ, кӯшиши деканат, мудирони кафедраҳо ва азму ғайрати омӯзгорон кори факултет куллан тағйир ёфта, шароити кории омӯзгорон ва дарсомӯзии донишҷӯён ба беҳбудӣ рӯ оварда истодааст.

 

Дар кафедраи ташкили ҳаракати автомобилӣ ва идоракунии сохтмон 16 нафар омӯзгорон ва кормандон кор мекунанд. Аз ҷумла 3 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар саромӯзгор мебошанд. Кафедра тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои 440302-ташкили ҳаракат дар роҳ, 700202–ташхис ва идоракунии амволи ғайриманқул, 440101-ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ фаъолияти худро дар равияи ихтисосӣ идома медиҳад.

Дар кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳо 14 нафар омӯзгорон ва 2 нафар коркунони техникӣ кор мекунанд. Кафедра тибқи нақшаҳои таълимии ихтисоси 020602 -технология, фаъолияти худро идома медиҳад. Кормандонаш 2 нафар номзади илм, дотсент, 4 нафар саромӯзгор ва 2 нафар аспирант мебошанд.

Дар кафедраҳои факултет 3 маҳфил -маҳфили «Техникони ҷавон» роҳбараш саромӯзгор Фаттоев Ҳ. Б., «Идоракунӣ дар нақлиёт» роҳбараш Наҷмиддинов Д.,«Бинокорон» роҳбараш Қурбонов Н. барои донишҷӯён амал менамоянд.
Кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳо соли 1999 дар назди факултаи физика, ки дар он ихтисосҳои технолог-соҳибкор қабул карда шуд.
Дар кафедра як нафар доктори илм, профессор, ду нафар дотсентҳо, 9 нафар омӯзгорон, 3 устои таълимӣ, мудири озмоишгоҳ ва лаборантҳо кор мекунанд.

Дар кафедра озмоишгоҳҳои мошинолотҳо ва назарияи механизмҳо, технологияи коркарди матоъ, технологияи коркарди маҳсулоти хӯрока ва устохона оиди кандакорӣ дар чӯб ва коркарди металлҳо амал мекунанд.
Дар кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳо ду мавзӯи фармоишӣ амал мекард. Мавзӯи фармоишии «Коркарди усулҳои ҳосил намудани мавод (шишаи моеъ, ширеши силикатӣ, моеи ҷомашӯӣ) дар асоси партовҳои саноатӣ» ва мавзӯи фармоишии «Корбасти маводи маҳсулоти маҳаллӣ бо мақсади ҳосил намудан доруворӣ дар мисоли намаки ошии мавзеи Хоҷамуъмину Хоҷасартез ва ба даст овардани хлориди натрии олидараҷа бо мақсади истифода дар тиб» ва таҳқиқи мавзӯъҳои мазкур имконият медод, ки ба сарфаи ками сӯзишворӣ шишаи моеъ, ширеши силикатӣ, моеи ҷомашӯӣ, доруворӣ аз маҳсулоти маҳаллӣ ва партовҳои саноатӣ истеҳсол карда шавад.

Дар партави Паёми имсолаи Сарвари давлат, дар факултети технология ва ташкили ҳаракати автомобилии донишгоҳ бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) бо намояндагии доктор Берн Видеке ва намояндаи ин ташкилот Маҳмадназар Раҷабов маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки рӯзи 11феврали соли 2015 дари худро ба рӯйи толибилмон боз карда буд.

Марказ бо ҳама асбобҳои муосири технологӣ ба монанди дастгоҳҳои коркарди харротии чӯб, коркарди филизот ва пластмасса, инчунин асбобҳои коркарди дастӣ ва барқии масолеҳҳо таҷҳизонида шудааст.
Мақсади ташкил кардани маркази таълимӣ ба донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон омӯзонидани истифодабарии тарзи дурусти асбобҳои муосири технологӣ ва ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои миллӣ мебошад.

Яъне марказ имконият дорад, ки ба ғайр аз дарсҳои амалию озмоишии умумитехникӣ ба хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии касбу ҳунарҳои миллӣ, ба монанди кандакорӣ, кошинкорӣ, доғсӯз ва ғайраҳоро омӯзонад.

Таҷрибаомӯзӣ дар рафти таълим яке аз омилҳои муҳим ва асоси касбомӯзии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Донишҷӯёни факултет ба корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ба таҷрибаомӯзӣ равона шуда, донишҳои назариявии дар донишгоҳ гирифтаи худро дар амал тадбиқ намуда, малака ва маҳорати амалиашонро ғанӣ менамоянд.
Дар факултет гурӯҳҳои магистратура амал менамояд. Ба гурӯҳҳои магистрҳо омӯзгорони таҷрибадор дарс мегӯянд.
Роҳбарияти донишгоҳ, садорат, кафедраҳо ва омӯзгорони факултет барои беҳтар намудани шароити кории омӯзгорон ва илмомӯзии донишҷӯён пайваста мекӯшанд ва барои ташкил намудани озмоишгоҳҳои фаннӣ кӯшиш доранд.