Мо – тоҷикон баъди ба даст овардани истиқлолият ба як давраи муҳими иҷтимоии таърихи худ, яъне давраи хештаншиносӣ дохил шудем. Дар ин давра мо бояд таърих ва тамаддуни ҳар як гӯшаю канори ҷумҳуриамонро чуқуртар омӯзем ва бадин васила таърихи бузурги халқамонро боз ҳам ғанитар гардонем.
Обёрии чӯлу даштҳои Вахш дар солҳои сиюми қарни ХХ иқдоми бузурги Ҳокимияти Шуравӣ ба шумор мерафт, Ин боиси он гардид, ки пахтаи навъи аз ҳама пурқимати маҳиннахи мисрӣ ба шароити водӣ мутобиқ шуда, бомуваффақият нашъунамо ёбад. Ин масъала дар қарорҳои ҳокимияти Шуравӣ «Дар бораи ҳолат ва пешомадҳои саноати бофандагӣ» (3 майи соли 1929), «Дар бораи кори «Главхлопком» (Сарраёсати кумитаи пахта) (18 июли соли 1929) масъалаи марказӣ гардид. Дар онҳо ба Тоҷикистон, алалхусус водии Вахш, диққати ҷиддӣ дода мешуд. Дар ин ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла аҳамияти бағоят муҳим ва зарурати сохтмони системаҳои обёрӣ дар водӣ нишон дода мешуданд. Бо тасвиби ин қарорҳо ба сохтмони зарбдори умумиитифоқӣ – «Вахшстрой» ва аз худ кардани водии Вахш барои парвариши пахтаи мисрӣ ибтидо гузошта шуд. Ба сохтмони “Вахшстрой” аввалинҳо шуда муҳоҷирон аз вилояти Кӯлоб, Қаротегин, ноҳияҳои камзамини қисмати шимолии Тоҷикистон ва аз Фарғона омаданд. Ба унвони роҳбарияти «Вахшстрой» аз кишварҳои гуногун мактубҳои бисёр меомад. Соҳибони мактубҳо мехостанд, ки ҳамчун ихтиёриён дар ин сохтмони бузург ширкат варзанд.
Дар сохтмони бомуваффақияти системаи ирригатсионии Вахш мақомоти табъу нашри он таъсири бузурги ахлоқиву маънавӣ мерасониданд. Онҳо бо унвони «Ударник Вахшстроя» ба забони русӣ ва бо номи «Сохтмони зарбдори Вахш» ба забони тоҷикӣ интишор мегардиданд. Онҳо аслиҳаи тавонои раёсати «Вахшстрой» маҳсуб мегаштанд. Табъу нашри онҳоро худи ҳаёт тақозо менамуд. Ҳаминро ба назар гирифта, Хукумати Тоҷикистон дар бораи дар «Вахшстрой» чоп намудани рӯзномаҳои маҳаллӣ 8-уми феврали соли 1931 қарор қабул кард. Онҳо камбудию норасоиҳо, саҳву хатоҳоро ошкор мекарданд, коллективи сершумори бинокоронро ба мусобиқаи байниҳамдигарӣ ва ҳаракати зарбдор, ба тезондани суръати корҳои сохтмонӣ ҳидоят ва сафарбар менамуданд. Дар саҳифаҳои рӯзномаҳо пешқадамони истеҳсолотро ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намуда, танбалону бепарвофалаконро бераҳмона ба зери тозиёнаи танқид гирифта, унсурҳои душманона фош карда
мешуданд.
Рӯзномаҳо санҷишҳои назоратӣ мегузарониданд, рафту суръати корҳоро дар иншооту каналҳо дида баромада, ҳолати нақлиёту механизм ва шароитҳои маданию маишии коргаронро тафтиш мекарданд. Корнамоии аввалини вахшстройчиён ва ободкунандагони замини навро нахустин бор дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Сохтмони зарбдори Вахш» ва «Ударник Вахшстроя» ҳақбинона тасвир намуда буданд.
Хабару мақолаҳои ин рӯзномаҳо ба солномаи меҳнатии Тоҷикистон саҳифаи пуршарафе зам намуда, боиси сазовор гаштан ба ҳурмати бузург ва ифтихори халқ шуда буд. Рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» дар саҳифаҳои худ меҳнати қаҳрамононаи бунёдкоронро дар ин сохтмони бузург, ки дар таърихи кашфи замини бесамар бемисл буд, воқеъбинона инъикос мекард.
Ҳамиин таъсири рӯзномаи номбурда сабаби мустаҳкамии дӯстии байналмилалӣ гардида, шаъну шарафи созандагони ҳаёти навро боз ҳам возеҳу равшантар нишон медод.
Дар бораи тавлиди номи рӯзномаи «Вахшстрой» В.Г. Коночкин чунин ёдовар мешавад: «Рақами аввали рӯзномаи деворӣ моҳи майи соли 1931 дар қитъаи асосӣ нашр гардид. Ба чоп омода сохтану ороиши онро Леонид Немковский ва ман ба ҷо овардем. Аз байни пешниҳодҳои гуногун номи «Ударник Вахшстроя»-ро интихоб намудем. Ин унвон баъдан рӯзномаи табъу нашри «Вахшстрой» гардид».
Дар бораи нашри нахустрақами рӯзнома ӯ чунин нигошта буд: «Аз Л.В. Немковский муншии ҳайати ташкилии кумитаи комсомолӣ, C. К. Калижнюк -муовини сардори сохтмон оид ба масъалаҳои механиконӣ ва В.Г. Коночкин – узви ҳайати ташкилии кумитаи комсомолӣ, ҳайати таҳририяи сохтмон ба вуҷуд омад.
Онҳо мақолаву гузоришҳои мухбирони коргарро ҷамъ оварданд, таҳрир ва ба чоп омода карданд. Л.B. Немковский маводи чопиро гирифта, ба Сталинобод рафт.
Ҳуруфчинӣ ва чопро ҷавонони корхонаи нашриёт ба ҷо оварданд». Бад-ин тартиб, рақами аввали рӯзномаи «Ударник Вахшстроя» тавлид гардид. Воқеан, онро бевосита дар сохтмон аз чоп баровардан мувофики мақсад буд. Вале ин кор душвориҳои зиёде дошт. Дар Сталинобод тачҳизоти чопӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ набуданд. Нашриёти осиёимиёнагии Тошканд ба ёрии сохтмончиён омад. Он чопхонаро бо тачҳизот, дастгоҳу хуруфчинҳо таъмин намуд.
Дар табъу нашри «Ударник Вахшстроя» ҳамчунин, мақомоти осиёимиёнагӣ, бахусус муншии кумитаи ҳизбии шаҳри Тошканд Кронберг, ки дар конференсияи дуюми ҳизбии «Вахшстрой» (11-13- уми январи соли 1932) ҳузур дошт, ёрии калон расонидааст. Ӯ ба сохтмон муҳаррир ва ду мухбир фиристод. «Ударник Вахшстроя»-ро Семён Ляхович таҳрир мекард. Рӯзномаи «Ударник Вахшстроя» дар сафарбарии омма баҳри иҷрои супоришҳои бинокорон, ки ибтидои соли 1932 ташкил карда шуд, нақши калону назаррас бозид.
Он дар байни коргарони тоҷик ва миллатҳои маҳаллӣ шуҳрати тамом дошт. Василий Григоревич Коночкин, Дмитрий Илич Гойфман, Антонина Степанова, Николай Тимофеев, Иван Уривков, В. Чурсин ва В. Нагел ходимони адабии «Ударник Вахшстроя» буданд.
Рӯзномаи сертеъдоди «Сохтмони зарбдори Вахш»-ро аз рӯзи таъсисаш то миёнаҳои соли 1933 Насрулло Абдуллоев таҳрир мекард. Баъд ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи ҷавонони нашриёти давлатии Тоҷикистон гузарониданд. Ба вазифаи муҳаррири рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» ҷавони далеру донишманд Мирсаид Миршакар таъин гардид. Шоири бузурги тоҷик фаъолияти хешро, асосан давраи ҷавониашро дар ҳамин водӣ гузаронид.
Дар ҳақиқат Вахшонзамин сарчашмаи илҳоми ӯ гардида буд. Ӯ дар хотираҳои худ менависад: « ба ҳамсолони ман бахти бузурги иштирок намудан дар сохтмони бузурги асри ХХ ” «Вахшстрой» муяссартгашт. Дар ин сохтмон мо дӯстиро бо миллатҳои гуногун пайвастем. Водии Вахшро ман муҷассаман зиндаи дӯстии башардӯстона ва бародарии халқҳои Ватани паҳноварамон ҳисоб мекунам. Системаи нодири обёрикунии ин водиро намояндагони тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ
сохтанд. Ин анъанаи бузургро онҳо дар дигар сохтмонҳои бузурги асри ХХ низ идома доданд. Сохтмонҳои нодири аср: нерӯгоҳҳои Сарбанд, Норак, Роғун, корхонаҳои электрохимиявии Ёвон, нуриҳои азотии Вахш, алюминии Турсунзода идомаи сохтмони “Вахшстрой” мебошанд».
Рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» ташкилотчии ҳаракати меҳнати зарбдорона ва мусобиқа маҳсуб мегашт, ғояҳои манфиатбахшу судманди обёрӣ, инкишофу вусъати усулҳои кори ҳаракати зарбдориеро, ки ба бомуваффақият анҷом ёфтани сохтмон мусоидат менамуданд, ташвиқу тарғиб мекард. Ҳамзамон, рӯзнома ба муқобили зараррасонону зиёнкорон, коршиканону қаллобон ва танбалону коргурезон, ки ба сохтмон халал мерасонданд, муборизаи беамон мебурд.
Албатта, корнамоиҳои бузурги сохтмончиёни “Вахшстрой”-ро дигаррӯзномаҳову маҷаллаҳои марказӣ, аз ҷумла рӯзномаҳои «Правда», «Известия», «Сельская жизнь», «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Коммунист Таджикистана» ва маҷаллаҳои «Коммунист», «Вестник ирригации», Гидротехника и мелиорация», «Хлопковое дело», «Хлопководство», «Сельское хозяйство
Таджикистана» ва ғайраҳо дар саҳифаҳои худ тарғибу ташвиқ мекарданд, аммо саҳми рӯзномаҳои худи сохтмончиён – «Сохтмони зарбдори Вахш» ва «Ударник Вахшстроя» дар пешрафти ин сохтмони бузурги аср бениҳоят назаррас аст.
Д. Алимов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»