Таърихи пурпечутоби тоҷикон гувоҳ ҳаст, ки Синову Фирдавсӣ, Рӯдакиву Хаём, Ҳофизу Бедил, Лоиқ Шералӣ ва даҳо аз уламоҳои машҳури тоҷику форс буданд ва бо илму амали хеш дар тамоми ҷаҳон машҳур шудаву имрӯз низ меросашонро қадр карда, дар тамоми дунё аз рӯи онҳо амал мекунанд.
Худшиносии миллӣ низ чунин аст, яъне ҳар нафари ватандӯст бояд бидонад, ки ӯ кист аз куҷо омадааст ва нахуст аҷдодонашон киҳо буданд. Чун сухан дар бораи худшиносии миллӣ меравад, омӯхтани фарҳангу ҳунар, анъанаҳои миллӣ, тозаву покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, либоси миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва ҳунару ҳунармандиро ҳадафи асосии худ қарор дода, талош бар он варзанд, ки боз ҳам бо ҷасорату матонаташон миёни дигар кишварҳо худро муаррифӣ намоянд.
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дарахтеро мемонад, ки пур аз шоху навдаву баргҳои гуногун аст. Худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон аз ҳифзу нигаҳдории мероси ниёгон, омухтани илмҳои гуногун, обод намудани кишвар, сохта ба истифода додани биноҳои таърихию фарҳангию фароғатӣ, зинда гардонидани асарҳои бузургон оғоз мегардад. Ҳамин тавр, дар тамоми мамлакатҳои дунё муаррифӣ намудани Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ онро мемонад, ки мо аз таърихи гузаштагони худ бохабар астем ва барои ин миллату ин давлат ҳастии хешро фидо мекунем. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи мамлакатҳои хориҷа ба маконҳои таърихии мо зиёданд.
Олимони кишварҳои гуногун ба ин ватани гулгулшукуфои мо омадаву аз мавзеъҳои таърихиаш дидан мекунанд ва бори дигар дарк мекунанд, ки мо чи қадар таърихи бою гузаштагони бузург дорем. Меҳри ватандорӣ дар қалбӣ ҷавонону наврасон ва шаҳрвандони ин кишвар сол аз сол, афзуда, тамоми табақаҳои аҳолиро фаро гирифта истодааст. Воситаҳои ҷалбсозии шаҳрвандон барои донистани таъриху фарҳанг бошад аз мактабҳои миёна ва омӯзондани китобҳои мактабӣ оғоз гардидааст. Ватан аст, ки мо маҳз дар оғӯши гарми ӯ тавлид шудаву шоду хурсанд ва орому осуда дар он умр ба сар мебарем. Ватан, ошёнест, ки тамоми халқи худро ба мисли як оилае ки бузург аст, иттифоқ аст нигоҳ медорад. Ватан сипар, пуштибон ва паноҳгоҳи ҳар як фарди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Ва меҳри он дар қалби ҳар яки мо, мисли уқёнусест, ки ҳеҷ гоҳ поёнӣ надорад. Ватан, дарахтест, ки мо шаҳрвандони ӯ, чунрешаҳояш ҳастем. Қиматтарин гавҳари ноёб барои мо ин Ватан-Модар аст. Оё қиматтар аз Ватан-Модар барои мо чизеву касе ҳаст? Оё болотар аз меҳри Ватан-Модар ягон ҳисси дигаре ҳаст? Оё зеботар аз мулки худ, мулки дигар ёфт мешавад? Ҳаргиз!
Ҳар як инсон дар давоми умраш ба масъалаҳои гуногун дучор меояд, ба монанди донистани пайдоиш, пешравӣ, ояндабинӣ. Ва паҳлуҳои дигари ҳаёти инсонӣ. Махсусан оид ба он, ки мо ки ҳастем, аз куҷо омадаем, ва гузаштагонамон дар кадом минтақаҳо умр ба сар бурданд ва забони модариямон чигуна буд?
Оиди ин ҳама президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст:»Забону фарҳанги мо ойинаест, ки роҳи бисёр тӯлони дар масири таърих тайнамудаи тоҷиконро ба ҳама саҳифаҳои гоҳе дурахшон ва гоҳе парешон бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин ойина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно буданд».
Маҳз ана ҳамин ҳаммаъноии ин мафҳумҳо аст, ки моро ба ҷустуҷӯ равона месозад то аз таърихи миллат огоҳ бошем ва барои донистани худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ҷавобҳо пайдо кунем. «Албатта ҳама инсонҳо барои худашон ҷавобҳои гуногун медиҳанд, вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва андешаашон. Яке ҷавобашро намеёбад, дигарӣ кӯшиш мекунад, ки ба худ тавсифи муфассал диҳад, сеюми бошад, ба саволҳо ҷавоб гуфта, бо вуҷуди он, аз ҷавобҳои худ қаноатманд нест. Аммо ин ҳамаро танҳо он нафаре дарк мекунад, ки дорои ғурури миллӣ бошад».
Худи гузариши ин саволҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар тафаккури ҳамаи он нафароне, ки соҳиби ватан ҳастанд, дар онҳо худшиносӣ вуҷуд дорад ва онҳо метавонанд тавассути ҷустуҷуҳо аз аҷдодони гузаштаи худ бохабар бошанд. Дар ҳақиқат дар олами ботинии ҳар як шахс ин аз хурди чойгир шуда, барои равнақу ривоҷи он мебояд, то аз таъриху фарҳанги хеш бохабар бошад. Зеро он ҳама гузаштаҳои пурталотуми ҳар як миллату давлат дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт шудаанд. Баъзан дар натиҷаи ҷустуҷуҳо таъриху фарҳанг ва маданияти гузаштагони ҳар як миллату давлат муайян мегардад. Аз ин сабаб, дар таърихи башарият ҷустуҷуҳои асосноки барои ҳар як ватандор муҳим ва худшиносии миллӣ бетағйир мемонад, ва ин раванди таърихӣ то он замоне боқӣ мемонад, ки дар инсон ҳисси кунҷковӣ нисбати илму маърифат ва маданияту хештаншиносӣ ҷовидони бошад. Зеро мо идеяи миллӣ дорем ва метавонем бо идеяи созандаамон комёб гардем; «Бале, мо идеяи миллӣ дорем, ин як вожа аст:
СОЗАНДАГӢ. Созандагӣ дар ҳама ҷабҳаҳо дар ҳама коргоҳҳо. Ҳар ки ба коре сар мекунад, бигузор дар пешаш ҳамин идеяи миллӣ
-СОЗАНДАГӢ-ро бигузорад. Бигузор аз худ бипурсад, ки имрӯз чи кори хубе, неке кард, чӣ сохт? Ё чӣ мехоҳад бисозад, насохта бошад, ё қудрати сохтанро надошта бошад ҳам, ақалан ба созандаҳо ба назари нек нигарад, ақалан ин нияти хайрро дар худ тарбият кунад. Ин аст мафҳуми созандагӣ. Пас идеяи миллии мо ин бо маънии томаш Созандагист! Созанда бошед, на сӯзанда!».
Воқеан ҳам чунин аст. Идеяе ки созанда аст ҳамеша комёб мегардад, идеяе, ки аз пайи ободкорӣ ва омӯзонидани ҳама ҷабҳаҳои зиндагист ҳамеша муваффақ хоҳад гашт ва омӯзиши масъалаи худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ва ҷой намудан дар идеяи онҳо ҳамеша буд ҳаст ва мемонад. Аз ин рӯ ҳар як шахсро мебояд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи қавму қабила, аҷдод, таърих ва фарҳанги хеш бошанд. Ин масъала хусусан дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон, ки ба ташаккули худшиносиимиллии аҳолӣ ва ҷавонони он эътибори ҷиддӣ дода мешавад, аҳамияти муҳим дорад.
Оиди худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон дар ҳама расонаҳои хабари аз ҷумла телевизион, радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ ҳамарӯза барномаҳои гуногуни тарбиявӣ ва мубрами рӯз пешниҳод карда мешавад.Мафҳуми худшиносии миллӣ дар осори гузаштагон ва олимону адибони тоҷик гуногун шарҳ дода шудааст, ки то ҳол ягон қоидаи аниқ муаян карда нашудааст. Ҳар як муҳақиқ ва нафаре, ки оиди худшиносии миллӣ корҳои эҷодӣ намудааст ба таври гуногун шарҳ додааст, ки ин ҳамаро ба назар гирифта аз муалифони гуногун андешаҳои онҳоро меорем. «Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвар ва андешаҳои созандаи онҳо мебошад».
Ҳамин тавр ақидаҳо гуногун ҳастанд оиди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва сарчашмаҳои он. Аксарият тарафдори донистани таъриху фарҳанг, маданият, гузаштагон, сарҷамъ будани миллат ва ҳифзи арзишҳо давлатии он мебошанд ва ҷои дигар чунин гуфта шудааст; «Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузашгони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд ва муарифгари мероси ниёгон гардиданд».
Маҳз ана ҳамин кӯшишу талошҳои родмардони Ватан ба монанди қаҳрамонони тоҷик; Садриддин Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафур, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншо Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум буд, ки миллати тоҷик баъди чандин шикастхӯриҳои сиёсӣ ва пошхӯрданҳо боз худро бунёд карда то ба имрӯз яъне давлати соҳибистиқлол омада расид. Агарчанде, ки дар давраҳои гуногун шаҳрвандон мушкилотҳои гуногунро аз сар гузарониданд ба монанди «ҷанги шаҳрвандӣ» аммо имрӯз дар зери дирафши истиқлол ва фазои осуда пайи пешравӣ ва созандагиҳо ҳастанд. Чун андешаҳои солими намояндагони илм ва ақидаҳои маорифпарваронаи бузургони миллат фазои ватанро паҳн кард, тоҷикон талош варзиданд то бунёди ҳастиро пуркувват намоянд. Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон далели андешаҳои болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд. Аз шоирони муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
«Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣқадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робита бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё ниёз дорад».
Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар меъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Зеро мо аз қавми ориёиҳои бузургем. Аҷдодони мо дар саҳифаҳои таърих номашон ҳамчун миллати тамаддунофару фарҳангсолор сапт шудааст. Ҳар он нафаре, ки оиди худшиносии миллӣ ҳарф мезанад бояд аз гузаштаи фарзандони фарзонаи миллат, ки имрӯз дар ҷаҳон машҳуранд ва эҷодиёташонро дар олам эътироф намудаан ба монанди Абӯали ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём огоҳ бошанд. Инчунин аз он шаҳрҳои кадимае, ки тоҷикон онҳоро бунёд намуданд ба монанди Самарқанду, Бухоро ва ҳазорон солҳо онҷо зиндагӣ намуданд, аммо имрӯз онҳо ӯзбак номида шудаанд, ки ин хело аламовар аст барои миллати тоҷикон. Лекин бо замми ин ҳама шикастхӯриҳо боз ҳам забони ноби тоҷикӣ аз байн нарафт ва дар Тоҷикистони имрӯза боз ҳам пурқуваттар гардид. Чуноне, ки дар баъзе сарчашмаҳо омадааст: «Мо аз рӯи санадҳои таърихӣ нишон додем, ки асли Бухороиҳо тоҷиконанд. Лекин чашм аз ҳакикати таърих пушида ба Бухорову Самарқанди имрӯза назар афканед, боз хоҳед дид, ки агарчи ҳазорон сол халқи ин мамлакат дар зери фишори туркҳо, арабҳо буданд, боз ҳамон забони қадимии худашон забони тоҷикиро аз даст надоданд…».
Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Махсусан ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳурӣдар дасти онҳост, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошанд, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем. Аз ин рӯ пос доштани мукаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як ватандор аст аз ҷумла ҷавонону наврасон. Омӯхтан ва ба дигарон омӯзондани ҳама паҳлуҳои зиндагиномаи аҷдодонамон.
Дар баробари ин саҳми телевизион ва радио ҷиҳати тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон назаррас аст. Зеро ҳар як барномае, ки дар телевизионҳо махсусан телевизиони Тоҷикистон пахш карда мешавад дорои ҳадаф ва мақсадҳои тарбиядиҳӣ буда, дар тафаккури ҷавонон ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллиро бедор менамояд. Ин ҳама гуфтаҳои дар боло буда, ҳамарӯза тариқи барномаҳои гуногун аз ҳамаи шабакаҳои давлатӣ пахш карда мешавад, махсусан шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба омма расонида мешавад ва таъсири худро мерасонад.
Дарвоқеъ, истиқлолияти комил ва озодии миллӣ имкон фароҳам овард, ки мо аз гузаштаи пурифтихори худ ёд кунем ва чорабиниҳои муҳимеро вобаста ба ин ё он санаи муқаддас барпо намоем. Далели рушани ин гуфтаҳо баргузории як катор тантанаҳои ҷашнӣ дар шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки истиқлолияти ҳар як давлат боиси осоиштагӣ ва саодатмандии мардум мегардад, ба агар давлате, ки истиқлолияти комили худро надошта бошад, наметавонад аз гузаштаи худ бохабар бошад. Наметавонад худшиносии миллиашро ба наслҳои оянда фаҳмонад. Зеро масъалаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи он зарур ва талаби замон аст.
Таҷрибаи таърихии давлатдории аксари кишварҳои олам шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули давлат дарёфти истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва пойдории ҳуввияти миллӣ нақш ва ҷойгоҳи худшиносии миллӣ хеле баланд ва назаррас аст. Хусусан, дар олами мутамаддин, ки аксарияти миллату халқиятҳо соҳиби давлати хеш гардидаанд, ба падидаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бештар рӯ ба рӯ мегардад.
Худшиносӣ – аз ҷониби инсон шинохтани ҷисман, фикран, мавқеъ ва муносибаташ дар ҷомеа ва муносибати ҷомеа бо худ ва қавму қабилаааш мебошад. Аммо худшиносии миллӣ падидаест, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои рӯҳиву равонии аҳли ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шуури таърихӣ ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҷонӣ, ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст.
Сабабҳои огоҳ набудан аз гузаштагон дур шудани мо аз фарҳанги асили ниёгонамон мебошад. Тамоми фарҳанги гузаштаи мо чӣ забон, чӣ адабиёт, ва чӣ таърих пурғановату оламшумул буда миёни оламиён муаррифӣ шудаанд. Дар аксари кишварҳои олам намояндагони Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ҳар як маросиму анъанаҳои ниёгонро ҷашн мегиранд ва ба дигарон аз рамзҳои давлатдории тоҷикон хабар медиҳанд.
Моҳияти асосии мафҳуми худшиносӣ ва худогоҳии ҷавононро қабл аз ҳама, шинохти хеш, дарк намудан ва шинохтани аслу гузаштаи худ ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ҳамин ҷиҳати масъаларо махсус бояд таъкид намуд, ки нақши худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон дар таҳкими ваҳдат ва боҳамоии рушду нумӯи миллат хеле барҷаста аст. Хусусан, дар давраҳои ҳассоси таърихӣ дар давраҳои буҳрони сиёсию иҷтимоӣ нақши худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар таъмини ваҳдати ҷомеа хеле муҳим ва зарур аст.
Миллат, агарчи маҷмӯаи афрод аст, вале вижагариҳое дорад, ки ҳар кадом аз афрод ба танҳоӣ онро надоранд. Миллат на танҳо такягоҳи афроди ҷомеа аст, он ҳамчунон мардумро бо неъматҳо ва хадамоте таъмин менамояд, ки омма ба онҳо ниёз доранд, вале ҳеҷ кас ба танҳоӣ наметавонад онҳоро ҳосил кунад. Дар ҷое ки миллат шакл гирифта бошад, забону фарҳанг ва арзишҳои миллии худро гиромӣ медоранд ва барои ободию амнияти сарзамин ва пойдории он талош меварзанд. Дар миёни афроди миллат эҳсоси ҳамбастагию бародарӣ вуҷуд дорад ва маъмулан, онҳо бо якдигар ҳамкорию рафоқат мекунанд. Дар аввал мафҳуми «миллат» барои ишора намудан ба қабила ва халқияте, ки хусусиятҳои умумии фарҳангӣ ва забонӣ доштанд, истифода бурда мешуд.
З. Тоҳириён,
Л. Собирзода,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»