Имрӯз, дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби Раҳматуллозода Сахидод, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари омӯзишии онлайнӣ оид ба таҳияи рисолаҳои илмӣ риояи қоидаи имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ роҳбарону котибони шуроҳои диссертатсионӣ, профессорону устодон ва унвонҷӯёну магистрон иштирок намуданд.




Зимни суханронӣ роҷеъ ба масоили гуногуни рушд ва таҳкиму татбиқи услуби илмӣ ва талаботи ҳуҷҷатҳои расмӣ сухан намуда, пешниҳоду андешаҳои ҷолиб баён доштанд.