Мукотибаи публитсистӣ ва нашри онҳо дар Воситаҳои ахбори омма бозгӯйяндаи на танҳо фазои иттилоотист, балки рисолати таърихиеро дар худ таҷассум менамояд. Мукотибаи ошкори аҳли эҷод нишон медиҳад, ки дар гузашта бо василаи мактуби кушод нависандагон, рӯзноманигорон ва хонандагони ҳафтаномаву маҷалла дар мавриди мушкилоти рӯзмарра андешаҳояшонро бе хотирбинӣ баён мекарданд. Интишори номаҳои публитсистӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар номаҳо мушкилоти иҷтимоии мардум аз қабили мактабу маориф, нарху навои бозор, тарзу усули таҳияи барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва мӯҳтавои мақолаҳои ҳафтаномаҳо мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтааст.
Нома ва номанигорӣ дар рушд ва инкишофи таърихи илму фарҳанги тоҷикон нақши босазо гузоштааст. Ба воситаи номаҳо мо аз рушд ва инкишофи илму маданият ва фарҳанги бойи тоҷикон, инчунин аз рӯзгори гузаштагони хеш огоҳ мешавем. Номаҳое, ки аз гузаштагони бузурги мо боқӣ мондаанд, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво, фасоҳат, ҳусни баён, одобу ахлоқ, илму таърих бой буда, имрӯз низ сармашқи зиндагии ҳар яки мо мебошанд.
Дар иртибот ба вазъи мушкилоти забон ва проблемаҳои дар ин замина ҷой дошта байни нависандагони шинохтаи мо Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Пулод Толис, Аминҷон Шӯкӯҳӣ мукотибаи силсилавӣ мавҷуданд.
Дар номаҳои публитсистӣ мушкилоти соҳа мавриди арзёбии аҳли эҷод қарор гирифта, бознашри номаҳо имкон фароҳам оварда, ки завқ, ҳушмандӣ ва пешниҳоди эҷодкорон омӯхта шавад.
Аз ҷумла вазъи забон ва мушкилоти тарҷумонҳо дар мукотибаҳои Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ ҷойгохи хос дорад. Садриддин Айнӣ дар яке аз номаҳояш ба Лоҳутӣ аз ноогоҳии ҷавонони эҷодкор шиква намуда, арабидонии онҳоро накӯш ва бо забони халқ эҷод карданро тавсия медиҳад. С. Айнӣ менависад, ки “ Рафиқи шафиқ, муҳтарам А. Лоҳутӣ.
Аз луғатҳои кӯҳна ҳар чизе, ки мурда буд ва ба забони мо даркор намешавад, партофтам, чизҳои даркориро гирифтам. Чизҳои даркорӣ ҳам ду қисманд: як қисми онҳо барои таҳрир ва мутолиаи адабиёти имрӯза ба кор мераванд ва қисми дигарашон барои мутолиа ва фоида бурдан аз адабиёти классикӣ даркор мешаванд. Медонед, ки ба ин сабаб хеле луғатҳои арабӣ ва форсии қадим, ки дар адабиёти классикӣ ҳастанд, гирифта мешаванд ва манбаи дигари ман халқ аст. Ҳар кадом бобро ба забони халқ, ки то ҳол дар ягон луғат дида нашудааст, аммо дар миёни мардум зинда ва дар гуфтушунид аст, пур мекунам”.
Дар нигориши нома муаллиф ба сабки хосу содда такя намуда, масъаларо мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дар ин замина барои мардум омода кардани як луғати барои ҳама дастрасро муҳим мепиндорад. Аз ин нома бармеояд, ки Садриддин Айнӣ ҳамеша кӯшиш намудааст, ки аҳли эҷод ба халқ наздик матн офаранд. Дар мубоҳисаҳои мукотибавӣ Садриддин Айнӣ бо мохотабонаш ҳамеша бо далел баҳс намуда, эшонро барои фаҳмиши дуруст ташвиқ намудааст. Баъзан як калима боиси эҷоди номаи кушод гардида, муаллифи нома С. Айнӣ таваҷҷӯҳи мубоҳисонашро ба масъалаи асосӣ ҷалб намудааст. Дар номаи дигар Садриддин Айнӣ менависад, ки “Аз рӯйи гуфтаи Камол дар байни Шумо ва баъзем эрониён дар болои калимаи “ҷангара” мубоҳиса рӯй додааст. Онҳо гӯё ба Шумо эътироз мекардаанд, ки калимаи мазкур сирф калимаи тоҷикӣ аст, ба забони форс-эрон ҳеҷ алоқа надорад. Фақир ингуна эътирози он касонро шунида тааҷҷуб кардам. Ҳарчанд дар “Шоҳнома” ва дигар ашъори шоирон ва устодони форсизабон диданам ин калимаро дар ёд нест, аммо бо далелҳои раднопазир исбот карда метавонам, ки ин калима моли холиси умумии форсизабонон аст.
Дар номаҳои публитсистии Садриддин Айнӣ масъалаҳои бисёр муҳим мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтаанд. Огоҳона навиштан, эътирози муадабона ва шеваи муносиби интишори мавқеъ бозӯяндаи равиши хоси номанигории Садриддин Айнист. Шинохти мушкилоти забон ва тавсияҳои омӯзанда дар матни номаҳои С. Айнӣ чашмрасанд. Садриддин Айнӣ аз таҳрири ноҷо ва муносибати ноодилона ба навиштаи эҷодкорон изҳори ташвиш менамояд. С. Айнӣ бо хитоб ба Лоҳутӣ нигошта, ки “Дар як ҷойи мактубатон “қулф (ё қуфл)” навиштаед. Ба ин муносибат чизе ба хотирам омад, ки ҳарчанд вақт танг бошад ҳам, менависам: “Достони Вахш”-и маро ба Миршакар барои таҳрири сиёсӣ додаанд. Вай дар қатори эътирозҳои сиёсии беасосаш, эътирози забонӣ ҳам кардааст ва ба ин далел овардааст, ки автор дар 72 саҳифа 124 эзоҳ додааст. Ва ҳол он ки ин эзоҳҳои ман бештарин дар бораи нешбанд, навбар, поёноб ва рағбанд барин калимаҳо буд, ки инҳоро деҳқонони бесавод медонанд, аммо ҷавонони “саводи сиёсинок” намедонанд. (Таҳрири забонӣ карда чанд мисраъро вайрон ҳам кардааст)”.
Аз матни нома бармеояд, ки мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ хоси ду нафар набуда, мушкилоти баррасишаванда ба ҳама эҷодкорон пайванди ногусастанӣ дорад. Ин тарзи навишти нома дар сабку услуби дигар мукотибаҳои публитсистии Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Раҳим Ҳошим низ мушоҳида намудан мумкин аст. Шаклу услуби навишти нома аз ҷониби номанигорон вобаста ба сатҳи фаҳмишу фаросат ва дарки вазъи баррашиванда ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ ҳангоми таҳлили номаҳо ба масъалаҳо таваҷҷуҳ намудан муҳим дониста мешавад. Айни ҳол сатҳи фаҳмиш ва дарки мавзуъ аз ҷониби номанигорон дар як сатҳ қарор надошта, баъзан робитаи онҳо бо хонанда эҳсос карда намешавад. Аз ин рӯ бояд завқу фаҳмиш ва услуби номанигории классикӣ дар матбуоти даврӣ “зинда” нигоҳ дошта шавад.
Дар номаҳои публитсистии Садриддин Айнӣ ба эҷодкорони ҷавон тавсияву роҳнамойиҳои ҷолиб дида мешаванд. Садриддин Айнӣ дар номаи кушод ба Шанбезода Накҳат менависад, ки “Рафиқ Шанбезода Накҳат Ман маҷбур шудам, ки дар баъзе ҷо баъзе мисраъҳои шуморо тамоман партофта, ба ҷойи он мисраи дигар нависам. Албатта ин барои он нест, ки як шеъри хубтар ба номи Шумо чоп шуда барояд, балки барои ин аст, ки ба шумо сармашқ шавад. Агар ман ин корро дар ҳузури Шумо мекардам ва сабабҳои тағйир додани баъзе калимаҳо ва табдили баъзе мисраъҳоро ба шумо забонӣ мегуфтам, ба шумо зиёдтар фоида медод. Аммо ин аз ҷиҳати дурии масофа муяссар нашуд”.
Дар услуби баёни мукотибаҳои Садриддин Айнӣ равиши хос эсос карда мешаванд. Аз як нигоҳ ин шакли мукотибаи содда барои дарки мухотабон кӯмак намояд, аз ҷониби дигар барои ҳал намудани мушкилоти баррасишаванда ёрӣ мерасонад. Дар аксари номаҳояш Садриддин Айнӣ тарафдори он аст, ки эҷодкорони ҷавон аз “таҳрири сахт” наҳаросанд. Зеро эҷодкорони тавонову доно ҳамеша дар ислоҳи матн ба шахсони соҳибтаҷриба такя менамояд. Садриддин Айнӣ дар ҷавоб ба номаи Шанбезода Накҳат бо хушҳолӣ менависад, ки “ 1) Шеъратон аз аввалиҳо хеле хуб аст, аммо як қадар камбудиҳои забонӣ дорад, ки дар худи шеър қайд намудам. Агар қабул намоед, мувофиқи он нишондодҳо ислоҳ хоҳед кард. 2) Маҷмуаатонро ба таҳрири рафиқ Деҳотӣ супурданатон бисёр муносиб аст. Деҳотӣ аз дараҷае, ки дар зоҳир тахмин карда мешавад, зиёдтар қувват дорад, хубии дигари Деҳотӣ дар он аст, ки мисли Ҳамдӣ ”ғулунгхойӣ” карда намеистад, ҳар камбудиеро, ки бинад, рӯйи рост мегӯяд ва барои ислоҳаш маслиҳати амалӣ медиҳад”.
Робитаҳои мукотибавӣ аз нигоҳи дигар барои шинохти фазои эҷодкорон низ шароит фароҳам меорад. Аз нома бармеояд, ки Садриддин Айнӣ аз сатҳи таҳрири “рафиқ Деҳотӣ” қаноъатманд буда, матни баъзе эҷодкорони ҷавонро махсус ба А. Деҳотӣ мефиристодааст.
“Иншо-мукотиба яке аз жанрҳои маълум ва маъмули насри онрӯзаи тоҷик буд. Лекин иншонависон бо ҷумла ё ибораҳои возеъ ба таври мухтасар ба баён кардани матлаб ва тасвир намудани ҳодиса кӯшиш накарда, балки баръакс бо ҷумлаҳои печ дар печ, саҷъ ва қофиядор ифода кардани одитарин мазмунҳоро ҳунари олии иншонависӣ мешумурданд. Расидан ба маънои чунин матнҳо, кушодани ин ҷумлаҳои бештар муаммоомез ба ҳар кас ба осонӣ муяссар намешуд. Барои ин мутолиаи зиёд, донистани забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, бо маҷозу истиора ифода карда тавонистани матлаб лозим буд”.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки заминаи ҳар мукотиба ба сатҳи мушкилоти баррасишаванда иртибот дорад. Агар дар мукотибаҳои Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзода матни осорашон мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирад. Дар номаҳои публитсистии Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Соҳиб Табаров, Пулод Толис, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ мавзӯҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Садриддин Айнӣ дар номаи дигар ба Раҳмадзода менависад, ки “Ман пештар қариб ба дараҷаи маъюсӣ ва ноумедӣ расида будам ва дар дили худ мегуфтам, ки бо ин тарҷумонҳо на танҳо забони тарҷумаҳо вайрон мешавад, балки забони нависандагони ҷавон ҳам вайрон хоҳад шуд.
Дар ҳақиқат ҳам, нависандагони ҷавон забони адабиро аз матбуот меомӯзанд. Модоме, ки бештарин чизҳои чопии мо тарҷума аст, табиист, ки нависандагони ҷавони мо аз матбуот забонвайронкуниро меомӯхтанд. На танҳо нависандагони ҷавон, ҳатто ман нависандагони 10-11 солаи стожнокро медонам, ки дар асарҳои аргинолии худ ҷумларо вайрон мебанданд ва луғатҳоро хато кор мефармоянд. Вақте ман аз онҳо мепурсам, ки Шумо ин гуна ҷумлабандии вайронро ё луғати вайронро аз кӣ омӯхтед? Ва ҳол он ки модаратон, модаркалонотон ва модарарӯсотон ин гуна гап намезадан –ку? Онҳо ҷавоб медоданд:
“Мо мисли ин ҷумларо ё ин ки ин луғатро дар фалон тарҷума дидем ё ки дар матбуот хондем”.
Дар воқеъ матни номаҳои публитсистӣ ифшогари мушкилоти муҳити адабиву иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин дидгоҳ метавон гуфт, ки нашри номаҳои публитсистӣ дар матбуотӣ даврӣ баёнгари воқеияти муҳити эҷодии солҳои гуногун аст. Мазмуни матни номаҳои публитсистии эҷодкорон фарогири масъалаҳои шахсӣ, эҷодӣ ва кориянд. Таъкид намудан ба маврид аст, ки бояд равиши номанигории классикӣ барои аҳли эҷод хос бошад.
Мутаассифона, имрӯз бо пайдо шудани роҳҳои муносиби мукотиба мукотибаи ошкори матбуотӣ ба чашм намерасад. Мубоҳисаи аҳли эҷод дар номаҳои публитсистии матбуотӣ метавонад барои шинохти арзишҳои адабиву эҷодӣ замина гузорад. Аз ҷониби дигар фазои холии ин мубоҳисаҳо боиси он мегардад, ки мушкилоти соҳа ба таври бояду шояд баррасӣ нагардад. Ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ Мисбоҳиддини Нарзиқул аст, ки навишта: “… имрӯзҳо ба воситаи номаҳои боқимонда аз рӯзгорони куҳан номҳои садҳо нависандагонеро мешиносем, ки соҳиби хату қалам будаву аз худ чизе ба ёдгор монда ва ба ин восита сабаби бақои исмашон гардидаанд”.
Б.Шукруллоев,
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»
