Дар солҳои даҳшадноки Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи шуравӣ бо роҳбарии ҳизби коммунистӣ корнамоиҳои ҷовидона кард. Вай озодӣ ва истиқлолияти Ватани сотсиалистии худ, музаффариятҳои Инқилоби Октябро ҳимоя намуд ва инсониятро аз таҳдиди асорати фашистӣ наҷот дод. Ду даррандаи тавонои империалистӣ – Олмони гитлерӣ ва Японияи миллитаристӣ торумор шуд. Халқҳо ва армияҳои ИМА, Англия, Фаронса ва дигар мамлакатҳои каолитсияи зиддифашистӣ, ки солҳои ҷанг ташкил карда шуда буд, ба ғалабаи умум аз болои душман ҳиссаи худро гузоштанд.
Манбаъҳои қувваҳои халқи шуравӣ дар худи табиати сохти ҷамъиятӣ ва давлати сотсиалистӣ, дар афзалияти бузурги он бар сохти капиталистӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ тасодуфӣ набуда, балки анҷоми қонунии ҷанг будани ин ғалаба маънидод мешавад.
Дар давлати Шуравӣ ҳокимият дар дасти коргарон ва деҳқонон аст. Ҳанӯз пеш аз ҷанг дар мамлакат сотсиализм сохта, иқтисодиёти тавонои сотсиалистӣ ба вуҷуд оварда, ягонагии маънавӣ-сиёсии халқ ба даст оварда шуд. Одамони шуравӣ, ки онҳоро ҳизби коммунистӣ дар рӯҳи ғояҳои ҷовидонаи марксизм-ленинизм тарбия кардааст, барои бартараф кардани ҳамаи душвориҳо, ҳимояи озодӣ ва истиқлолияти Ватани сотсиалистӣ қатъӣ буданд. Бинобари ин халқи бисёрмиллионаи шуравӣ дар замони ногувор дар фронт ва дар ақибгоҳ суботкории ҳайратангез ва қаҳрамонии бемислу монанд нишон дод.
Суханони асосгузори Иттиҳоди Шуравӣ В.И. Ленини кабир рост баромаданд: “Он халқеро ҳеҷ гоҳ мағлуб карда наметавонанд, ки аксарияти коргарон ва деҳқонони он фаҳмидаанд, ҳис кардаанд ва дидаанд, ки онҳо ҳокимияти худ, Ҳокимияти Шуравӣ – ҳокимияти меҳнаткашонро муҳофизат мекунанд, кореро муҳофизат мекунанд, ки ғалабаи он ба онҳо ва ба фарзандони онҳо имконияти аз тамоми неъматҳои маданият ва аз тамоми офаридаҳои меҳнати инсонӣ баҳра бурданро таъмин менамояд”.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иттифоқи вайроннашавандаи синфи коргар ва деҳқон боз ҳам мустаҳкам гардид. Ин иттифоқи пурзӯри ду синфи дӯст – қувваи ҳалкунандаи ҷамъияти Шуравӣ ва манбаи ҳамаи ғалабаҳои халқҳои Шуравӣ мебошад, ки дар замони осоишта ва ҷанг ба даст оварда шудаанд.
Душман аз рӯзҳои аввали аҳдшиканона ба ИҶШС ҳуҷум карданаш ба қувваи вайроннашавандаи дӯстии халқҳои шуравӣ бархӯрд. Дар лаҳзаҳои хавфноки пурдаҳшад бо даъвати ҳизби коммунистӣ русҳо ва украинҳо, белорусҳо ва ӯзбекҳо, қазоқҳо ва гурҷҳо, озарбойҷониҳо ва литвониҳо, молдаванҳо ва латишҳо, қирғизҳо ва тоҷикҳо, арманҳо, туркманҳо ва эстонҳо – ҳамаи халқҳои ИҶШС сина сипар карда, ба муҳофизати Ватани сермиллати сотсиалистии худ бархостанд. Дар солҳои ҷанг дӯстии бародаронаи онҳо боз ҳам мустаҳкам шуд ва обутоб ёфт. Ин яке аз манбаъҳои асосии ғалаба бар истилогарони фашистӣ буд.
Дар солҳои ҷанг ватандӯстии рӯҳафзои халқи шуравӣ манбаи тавонои мустаҳкамии давлати сотсиалистӣ буд. Миллионҳо одамон бо муборизаи қаҳрамононаи худ, бо корнамоиҳои бемислу монанд дар фронт ва ақибгоҳ бар душман ғалабаи оламшумули таърихӣ ба даст оварданд. Характери умумихалқӣ доштани ҷанг зуҳуроти дурахшони ватандӯстии шуравӣ буд.
Сохти шуравии сотсиалистӣ барои сафарбар намудани иқтисодиёт ва тамоми қувваи халқ ба торумори душман имконияти бемислу монанд кушод. Дар шароити ниҳоят вазнини замони ҷанг дар ИҶШС бо ҷидду ҷаҳди қаҳрамононаи миллионҳо меҳантдӯстони ақибгоҳ дар мӯҳлати кӯтоҳ хоҷагии мураккаби ҳарбӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки ин ба ташкили истеҳсоли оммавии яроқу аслиҳаи ҳозиразамон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ имконият дод.
Дар солҳои ҷанг дар Иттиҳоди Шуравӣ назар ба Олмони фашистӣ қариб ду баробар зиёдтар маҳсулоти ҳарбӣ тайёр карда мешуд. Дар ин давра саноати шуравӣ қариб 100 ҳазор танк ва тӯпи худгард, 110 ҳазор ҳавопаймои ҷангӣ, бисёр тӯпҳои артилерӣ, милтиқ, автомат ва пулмиёт баровард. Саноати шуравӣ аз саноати немис на танҳо аз ҷиҳати миқдор, балки аз рӯи бисёр хелҳои яроқ сифатан ҳам пеш гузашт.
Хоҷагии халқи сотсиалистӣ бо вуҷуди зарари азиме, ки истилогарони фашистии немис ба он расонданд, Артиши Сурх ва аҳолии шаҳрҳоро бо хӯрокворӣ ва саноатро бо ашёи хом таъмин намуданд.
Иқтисодиёти Иттиҳоди Шуравӣ назар ба иқтисодиёти капиталистии Олмони гитлерӣ ва иттифоқчиёни он мутобиқи ҳаёт буд. Манбаи муҳимтарини ғалабаи Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамин аст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ иқтидори матинии худро ба ҷаҳон нишон дод. Артиши Сурх аз халқ ҷудонашаванда аст. Вай дар рӯҳи анъанаҳои инқилобӣ ва ҷангии он, дар рӯҳи хизмати фидокорона ба Ватани шуравӣ ва интернатсионализми пролетарӣ тарбия ёфтааст. Артиши шуравӣ ба дастгирии товонои тамоми халқ такя карда, ба ҳамаи мусибатҳо қаҳрамонона тоб овард ва душмани пурзӯру ниҳояд хавфнокро тамоман торумор намуд. Ягонагии фронт ва ақибгоҳ, артиш ва халқ муҳимтарин шарти ғалаба аст.
Сохтакорони ҳозираи буржуазии таърих мақсадҳои синфии худро дар назар дошта, кӯшиш мекунанд, ки таърихи ҷанги дуюми ҷаҳонро вайрон кунанд ва нақши корнамоии таърихии дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додан халқи шуравӣ ва қувваҳои мусаллаҳи онро паст кунанд. Бисёр кӯшиш карда, ҳодисаҳои ҷангро чунин нишон доданӣ мешаванд, ки гӯё ба фашизм зарбаҳои асосӣ дар Африқо ва ҳавзаи баҳри Миёназамин зада шуда бошанд ва бо ин аҳамияти фронти дуюмро, ки соли 1944 дар аврупо барпо карда шуда буд, ниҳоят баланд мебардоранд.
Вале далелҳои раднопазири таърихӣ шаҳодати онанд, ки дар торумор кардани Олмони гитлерӣ ва баъд Японияи миллитаристӣ Иттиҳоди Шуравӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда бозид.
Дар муҳорибаҳои бузурги фронти Иттиҳоди Шуравӣ ва Олмон зиёда аз 600 дивизияи душман нест шуд. Ҳол он ки қӯшунҳои Америкаю Англия дар давоми тамоми амалиёти ҷанг дар Африқо ва Аврупо танҳо ба 176 дивизияи душман шикаст дод. Гитлерчиён дар Шарқ аз чор се қисми ҳавопаймоҳо, қисми зиёди артилерия ва танк, ҳазорҳо киштиҳои ҷангӣ ва киштиҳои боркашонро талаф доданд. Олмони фашистӣ дар ҷанг ҳамагӣ 13,6 млн. аскар ва афисер, аз ҷумла дар фронти Иттиҳоди Шуравию Олмон – фроти асосӣ ва ҳалкунандаи ҷанги дуюми ҷаҳон 10 млн. одам талаф дод.
Сарбоз ва афисерони шуравӣ дар ҷангҳои зидди истилогарони фашистии немис ва япон устувории матин ва қаҳрамонии оммавӣ нишон доданд. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 7 млн. ҷанговарон, ки намояндагони 100 миллати мамлакати шуравӣ буданд, бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. 11603 нафар далертаринҳо сазовори номи олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд.
Дар ҷанги Бузурги Ватанӣ афзалияти илму санъати ҳарбии шуравӣ, сифатҳои баланди кадрҳои фармондеҳи шуравӣ равшан намоиш дода шуд. Ҳизби коммунистӣ сарлашкарони калони ҳарбиро тарбия намуд ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба Армияи Сурх пешбарӣ кард.
Маркази Сарфармондиҳии Олӣ – мақомоти олии роҳбарии ҳарбӣ буд. Маркази Сарфармондиҳӣ ва Штаби Генералӣ дар тамоми фронти ҷанг ба амалиёти ҷангии қӯшунҳо суботкорона ва боэтибор роҳбарӣ карданд.
Дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани сотсиалистӣ Ҳизби Коммунистӣ пешво, илҳомбахш ва ташкилотчии халқи шуравӣ буд. Роҳбарии ҳизб манбаи асосӣ ва ҳалкунандаи ғалабаи бузурги шуравӣ бар фашизм буд.
Ҳизб тамоми таҷрибаи бузурги ташкилотчигӣ, қувваи рафоқати халқҳои ИҶШС, ғайрати халқ, суботкорӣ, тобоварӣ ва иродаи матини худро, ки солҳои ҷанг ҷамъ шуда буд, ба мақсади ягона – торумори фашизм равона кард. Ҳизби ленинӣ тамоми мазмуни фаъолияти ниҳоят бузурги худро дар он медид, ки озодӣ ва истиқлолияти мамлакати Шуравӣ, музаффарияти сотсиализмро ҳимоя карда, халқи шӯравиро ба ғалабаи комил бурда расонд.
Ҳизб дар мамлакат кори васеи идеологӣ бурда, ба одамони шуравӣ дар фронт ва ақибгоҳ мақсадҳои адолатноки Ҷанги Бузурги Ватаниро фаҳмонда медод, халқро дар рӯҳи ватандӯстии шуравӣ, интернасионализми пролетарӣ, суботкорӣ ва қаҳрамонӣ тарбия менамуд.
Идеологияи сотсиалистӣ, ки идеологияи пешқадамтарин, прогрессивитарин мебошаду манфиатҳои асосии меҳнаткашонро ифода менамояд, бар идеологияи фашистӣ, ки кӯшиши таҷовузкоронаи қувваҳои хеле реаксионии империализмро инъикос мекунад, ғалабаи пурра ба даст овард.
Имтиҳонҳои сахт халқу ҳизбро боз ҳам мустаҳкамтар пайваст, сафҳои коммунистонро боз ҳам қавӣ гардонд, қобилияти ҷангӣ, роли роҳбарикунанда ва илҳомбахши ҳизбро баланд бардошт. Одамони шуравӣ дар солҳои ҷанг, чун дар замони осоишта пайрави ҳизб буданд, ба он беҳад бовар доштанд ва ба даъватҳояш ҳамеша бо корҳои ватандӯстонаи нав ба нав ҷавоб мегардонданд.
Ҳизби коммунистӣ ҳизби мубориз буд. Шиори “Коммунистон ба пеш!” нормаи олӣ, қонуни ҳаёт ва фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб гадид. Қариб 2 млн. коммунист – бештар аз нисфи ҳайати ҳизб то тобистони соли 1941 – дар ҷангҳо барои Ватани Шуравӣ ва барои ғалаба бар фашизм ҷон нисор карданд.
Ҳазорҳо ҷанговарон ба ҳарбу зарб тайёрӣ дида, хоҳиш менамуданд, ки онҳоро ба сафи ҳизб қабул кунанд. Дар солҳои ҷанг 5 млн. кас ба номзадии аъзои ҳизб, бештар аз 3 млн. кас ба аъзогии он қабул шуд. Ин тахминан ҳамон андозаест, ки дар 12 сол пеш аз ҷанг ба сафи ҳизб қабул карда шуда буд. То ибтидои соли 1945 бештар аз 3 млн. нафар коммунистон ё ки қариб 60% тамоми ҳайати ҳизб дар Қувваҳои Мусаллаҳ буданд.
Мақомотҳои сиёсии армия ва флот, аз Саруправленияи сиёсӣ сар карда то шуъбаҳои сиёсии иттиҳодяҳо, коркунони ҳизбӣ-сиёсии қисмҳо ва подразделенияҳо ҳайати шахсиро дар рӯҳи интизоми оҳанин, муташаккилӣ, садоқат ба хизмати худ дар назди Ватан, ба савганди ҳарбӣ тарбия менамуд. Коркунони сиёсӣ, коммунистон васияти “Дар ҳар кадом ҷанг ғалаба дар охири охирон ба аҳволи рӯҳияи он оммаҳое, ки дар майдони муҳорибаи хуни худро мезаданд, вобаста аст”–и Ленинро дар ёд дошта, ба обутоби идеявии ҷанговарон диққати махсус медоданд. Коркунони сиёсӣ ҳамроҳи фармондеҳон дар ҷангҳо намунаи мардонагӣ ва диловарӣ нишон медоданд.
Ҳизб ба ҳарҷониба мустаҳкам намудани Артиши Сурх ва Флоти Ҳарбӣ-Баҳрӣ, минбаъд ҳам баланд бардоштани қобилияти ҷангӣ ва маҳорати ҳарбии онҳо мекушид. Ҳизб бо воситаи мақомотҳои ҳизбӣ, шуроӣ ва дигарҳо барои пурра намудани қисмҳо, тайёр кардан ва ба фронт фиристодани сарбозон, таъминоти ба роҳи ҳарбӣ даровардани хоҷагии халқ, истеҳсоли оммавии техникаи ҷангӣ ва аслиҳаро ташкил мекард, ба ҳаракати умумихалқии партизанӣ дар ақибгоҳи қӯшунҳои фашистии немис роҳбарӣ менамуд.
Ҳизби коммунистӣ ягонагӣ, муташаккилӣ ва интизоми сафҳои худро чун гаҳвараки чашм нигоҳ медошт. Коммунистон дар ҳама ҷо – дар фронт, дар ақибгоҳ ва ноҳияҳое, ки дар зери истилои душман афтода буданд, бо сухану ибрати шахсӣ одамони шуравиро ба бартараф намудани душвориҳои беҳаду монанд, бо корнамоиҳои қаҳрамонона барои Ватан ва коммунизм рӯҳбаланд мекарданд.
Комсомоли ленинӣ дар муҳофизати Ватани сотсиалистӣ ёвари содиқи ҷанговари ҳизб буд. Миллионҳо комсомолон силоҳ гирифта дар фронт, дар қисмҳои партизанӣ диловарона меҷангиданд, дар заводу фабрикаҳо, кохозу савхозҳо фидокорона меҳнат мекарданд. Бештар аз 3,5 млн. комсомол барои мардонагӣ ва далерӣ бо ордену медалҳо мукофотонида шуд, бисёре аз онҳо номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гирифт. Комсомол барои хизмати барҷастааш дар назди Ватанӣ Шуравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордени Ленин мукофотонида шуд.
Ғалабаи бузурги Иттиҳоди Шуравӣ аҳамияти оламшумули таърихӣ дошт. «Дар ҷанги зидди фашизми ваҳшигашта тақдири мамлакати шуравӣ, ояндаи тамоми ҷаҳон ҳал мешуд, – гуфта буд Л.И. Брежнев. Агар мо ҷилави қувваи сиёҳи фашизмро намекашидем, ба сари Ватани мо, ба сари халқи шуравӣ ва дигар халқҳои рӯи замин чӣ рӯзҳо меомад? Дар он сурат даҳҳо ва садҳо миллион одамон асиру ғулом мегардиданд, несту нобуд карда мешуданд, бутун-бутун давлатҳо ба ҳалокат дучор меомаданд, тамаддун хароб мешуд. Бисёр мамлакатҳо ва қитъаҳоро шаби торики ҷаҳолати фашистӣ фаро мегирифт».
Артиши Сурх вазифаи озодиоварии худро дар Аврупо ва Осиё иҷро кард ва ба дастгирии халқҳои мамлакатҳои истилошуда такя намуда, корнамоии бузурги интернасионалӣ нишон дод, фашистони истилогарро торумор ва аз Лаҳистон, Чехословакия, Югославия, Булғория, Руминия, Австрия, Норвегияи Шимолӣ, Хитои Шимолӣ Шарқӣ ва Кореяи Шимолӣ зада пеш кард. Ин мамлакатҳо аз сари нав ба истиқлолияти миллӣ ноил шуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ Олмони гитлерӣ ва армияи онро торумор карда, ба халқҳои Фаронса, Италия ва дигар мамлакатҳо барои аз асорати фашистӣ озод шудан ёрӣ расонданд. Халқи Олмон ҳам аз юғи натсистӣ наҷот дода шуд. Вай баъди ҷанг имконият пайдо кард, ки роҳи тараққиёти демократиро пеш гирад.
Дар зери таъсири ғалабаҳои Артиши Сурх муборизаи миллӣ-озодихоҳии халқҳои мазлум вусъат ёфт. Инқирози системаи мустамликадории империализм cap шуд. Ҳаракати коргарӣ дар мамлакатҳои асосии капиталистӣ инкишоф ёфт. Роли ҳизбҳои коммунистӣ ва коргарӣ афзуд.
Иттиҳоди Шуравӣ на танҳо бар Олмони фашистӣ ва Японияи милитаристӣ ғалабаи ҳарбӣ ба даст овард, балки он ба сохти сиёсӣ ва идеологияи одамбадбинонаи онҳо ҳам шикаст дод. Ин умуман ба империализм зарбаи пурзуре буд. Таносуби қувваҳо дар арсаи ҷаҳон ба манфиати сотсиализм ва прогресс, бар зарари империализм ва реаксия тағйир ёфт. Барои инкишоф ва ғалабаи инқилоби сотсиалистӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва Осиё шароити мусоид фароҳам омад.
Обрую эътибори байналхалқии Иттиҳоди Шуравӣ хеле баланд шуд. Акнун ягон масъалаи ҷиддии муносибатҳои байналхалқиро бе иштироки мамлакати Шуравӣ ҳал кардан мумкин набуд.
Ҷамъбасти Ҷанги Бузурги Ватании Иттиҳоди Шуравӣ боэътимод нишон дод, ки дар ҷаҳон чунин қувваҳое нестанд, ки сотсиализмро мағлуб сохта, халқи ба идеяҳои марксизм-ленинизм ба Ватани Шуравӣ содиқ ва дар атрофи ҳизби ленинӣ муттаҳид бударо таслим карда наметавонанд.
Яқубов Юсуфшоҳ,
д.и.т., профессор