Таҷлили ҳамасолаи рӯзи ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамгироиву хамкорӣ ва тақвияти равобити халқу давлатҳо ҳамчун шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, бунёди рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини муборизаи муштарак бар зидди нерӯҳои бадхоҳ саъю талош намоянд. Эмомалӣ Раҳмон
Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.
Аз ғалаби халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ бар фашизми Германия зиёда аз ҳашт даҳсола гузашт. Сол то сол гузашти айём ҳаводису солҳои пурдаҳшат ва фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватаниро аз хотир мебарад. Наслҳо пушти ҳам иваз мешаванд. Фақат нақли хотироти калонсол нақш ба ҷавонон аз гузашта мегузорад.
80-сол қабл аз рӯзҳои мо дар ҳаёти одамони сулҳпарвару адолатхоҳи олам воқеаи калони таърихӣ ба амал омад. Ин ғалабаи давлати Шуравӣ аз болои Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни калони он – Италия, Венгрия, Руминия, Финландия ва дигар давлатҳою ҳукуматҳои ҷангҷӯю ҷангхоҳи он замон буд.
Ҷанги Бузурги Ватании Иттиҳоди Шуравӣ давоми сухтори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд, ки онро давлатҳои империалистии абарқудрат барои шикастани марзу буми давлатҳои дигар, пеш аз ҳама Иттиҳоди Шуравӣ ба асорат гирифтор кардани халқҳои бегона, соҳиб шудан тарҳрезӣ карда буданд.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вазнинтарин ва фоҷиабортарин ҷанг дар таърихи башар буд. Ба ҷанг зиёда аз 70-давлати хурду бузург кашида шуданд. Амалиётҳои ҷангӣ дар марзу буми 40 давлат сурат гирифтанд. Дар майдонҳои набард тахминан 30 миллион одамон ҳалок шуда буданд. Шумораи умумии қурбоншудагон зиёда аз 50 миллионро ташкил медод, ки қариб 20 миллиони онҳо одамони Шуравӣ буданд. Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки онро фашизми Германия бо сарварии аҳримани одамхор –Гитлери малъун 22 июни соли 1941 бар зидди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сар кард, ҷанги хонумонсуз, харобиовар буда, ба сари инсоният фоҷиаи маргбор овард.
Ҷанг ба се давра тақсим мешавад: давраи яукуми ҷанг (22 июни 1941-18 ноябри 1942); давраи дуюми ҷанг (19 ноябри 1942- охири 1943); давраи сеюми ҷанг ( 1944-9 майи 1945).
22 июни соли 1941 қувваҳои мусаллаҳи Германияи фашистӣ ногаҳон, бе эълони ҷанг ба Итттифоқи Шуравӣ ҳуҷум карданд. Роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии Германия ба ҷанги зидди ИҶШС тайёрӣ дида, 18 декабри соли 1940 директиваи рақами 21-ро, ки номи расмиаш «Барбаросса» буд, тасдиқ намуданд. Нақшаи «Барбаросса» стратегияи ҷанги «барқосо», яъне бо зарбаи пурзӯри ногаҳонӣ дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Армияи Шуравӣ ва то хатти Архангелск-Волга ишғол кардани хоки Шуравиро пешбинӣ менамуд.
Германияи фашистӣ, ки чандин мамлакатҳои Аврупоро ба осонӣ ишғол намуда, қувваи бисёри ҷанговар ва яроқу аслиҳаи ҷамъ карда буд, ба қувваи даҳ чанд зиёд боварӣ дошт, ки дар андак муддат Иттиҳоди Шуравиро низ забт менамояд. Ҳамзамон умед дошт, ки ҳангоми ҷанг дар байни миллатҳои сершумори Иттиҳоди Шуравӣ низоъ бархеста, бо ҳамин ғалабаи онҳоро метезонад. Вале чунин нашуд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг сар карда халқҳои мамлакати Иттиҳоди Шуравӣ боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, баҳри мудофиаи хоки муққаддаси Ватан бархестанд. Миллионҳо фарзандони содиқи халқҳои сермииллат китф ба китф истода ба муқобили лашкари фашистӣ шердилона ҷангиданд ва қаҳрамониҳои беназир нишон доданд. Миллионҳо пиру барно дар ақибгоҳ зери шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама барои ғалаба!» меҳнат карда, фронтро бо яроқу аслиҳа ва лавозимот таъмин карданд.
Дар ҷангҳои шадиди зидди фашистони истилогар дар қатори ҳамаи фарзандони содиқи халқҳои Итттиоди Шуравӣ ҳазорон фиристодагони Тоҷикистони офтобӣ низ далерона иштирок намуданд ва бо корнамоиҳои беҳамтои худ дар таърих саҳифаҳои фаромӯшнашаванда кушоданд. Қаҳрамониҳои фарзандони Тоҷикистон Туйчӣ Эрйигитов, Ҳодӣ Кенҷаев, Муҳаммадӣ Иброҳимов, Домулло Азизов, Александр Гордеев, Исмоил Ҳамзаалиев, Николай Балакин, Николай Аникин, Фатҳулло Аҳмадов, Ҳайдар Қосимов, Урунбой Қосимов ва даҳҳо дигарон дар хотираи мардум нақш баст ва ҳоло одамон дар васфи онҳо сурудҳо мехонанд, достонҳо менависанд.
Корнамоӣ, мардонагию далерии мардони шуҷои Ватан дар майдони ҷанг ва меҳнати диловаронаи мардум дар ақибгоҳ сазовори эҳтиром, омӯхтан ва ибрат гирифтан аст.
Таҳқиқу омӯзиш, таблиғу ташвиқи шуҷоату мардонагӣ ва далерии фарзандони банангу номуси Тоҷикистон дар майдони ҷанг ва меҳнати диловарона дар ақибгоҳ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва мӯҳиму муқаддаси муаррихон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, адибон, кормандони бойгониҳо ва осорхонаҳои таърихию кишваршиносӣ маҳсуб меёбад.
Артиши Шуравӣ маҷбуран ақибнишинӣ кунад ҳам, аммо дар набардҳои алокҳида ҷабҳа аксари вақт ба ҳуҷумҳои ҷавобӣ мегузашт. Ҷанговарони тоҷик А.Ҳоҷибоев, Ҳ.Кенҷаев, Э. Рӯзиев, А.Собиров, К.Хушвахтов, А.Қаландаров, Г.Нуров, Ш. Назаров, Н.Илёсов ва дигарон дар сарҳад қаҳрамонона бар зидди душман мубориза мебурданд. Масалан, дар рӯзи дуюми ҷанг нишонгири туп аз Заҳматобод (Айнӣ) Г.Нуров дар назди дарёи Прут аввалин танки душман, дар муҳорибаи Москва боз ду танк ва то охири ҷанг 10 танки Олмони фашистиро нобуд кардааст. Тупчии тоҷик аз Истаравшан М.Иброҳимов дар даромадгоҳи Москва 6 июли соли 1941 ҳарчанд ҳамяроқонашон ҳалок шуда бошанд ҳам, ӯ дар давоми 4 соат қаҳрамонӣ нишон дода, 16 автомашина ва 6 танки Олмони фашистиро нобуд кард. Бинобар ин ӯ бо Қарори Шурои Олии ИҶШС аз 31 августи соли 1941 бо ордени Ленин сарфароз гардид. Дар ин набардҳо тупчӣ А. Пирмуҳаммадов ҷасурона меҷангид. Дар яке аз набардҳо дар назди Москва ду танки душманро нобуд карда, қаҳрамонона ҳалок мегардид. Дар набардҳои назди Москва фиристодагони дигари Тоҷикистонӣ аз қабили Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, К. Тарасов, М.Маҳкамов, Н. Юсупов, И. Обидов, А. Редкин, В. Амелин, В. Сапунов, Д. Кратов, Б. Абдураҳмонов, С. Раҳматов, С. Саидов ва дигарон паҳлу ба паҳлу бо намояндагони дигар халқҳои ИҶШС ба душман бераҳмона мубориза мебурданд.
Моҳи июли соли 1942 қушунҳои Германияи фашистӣ ба вилояти Сталинград ворид гашта, моҳҳои агуст, сентябр, октябр ва ноябри соли 1942 баъди муҳорибаҳои шадид ҷанг бевосита дар дохили шаҳри Сталинград ҷараён дошт.
Мудофиаи Сталинград 200 шабонарӯз давом кард. Сарлашкарони армияи 62-юми Шуравӣ бо сардории генерал-лейтенант В.И. Чуйков мудофиаи Сталинградро ба зиммаи худ гирифта буданд. Дар натиҷаи муборизаи оқилонаи моҳи ноябри соли 1942 300 ҳазор нафар аскарон ва афсарони душман ба муҳосира гирифта шуданд. Аз он миқдор, бевосита дар дохили шаҳри Сталинград 240 ҳазор фашистон кушта шуда, 91 ҳазори онҳо аз ҷумла 2 ҳазору 500 нафар афсар ва 24 генерал, бо сардории Фон Паулюс асир гирифта шудаанд. Муҳорибаи Сталинград боз як маротиба тавоноиву қудрати Армияи Шуравӣ ва сарлашкарони онро нишон дод. Аз 19 ноябри соли 1942 то 2-юми феврали сли 1943 душман зиёда аз 800-ҳазор сарбозу афсарон, қариб 2 ҳазор танк, зиёда аз 10 ҳазор тӯп, 3 ҳазор самолёти худро талаф дод. Дар муҳорибаи шадиди Сталинград фиристодагони Тоҷикистон ҳам мардонагӣ нишон медоданд. Чунончӣ, ҷанговарон: Б. Сиддиқов, А.Қаландаров, А. Ҳоҷибоев, Ш. Аҳмадҷонов, Х. Раҳимов, О. Холматов, Т. Ҷураев, А. Эшматов, А. Устоев, И. Маҳкамов, Б. Назирбеков, Г. Рашидов, Т. Шукин, Н. Назаров, К. Каримов, Ш.М. Бобоқулов, С. Амиршоев, А. Дадобоев, Т. Алихонов, Ш. Каримов, И. Бойматов, А. Ҳакимов, Д. Саидов, Л. Шарифов, Н. Мирзоев, П. Примқулов, Т. Шамсиев, Т. Бегмадов, А. Муродов, А. Раҷабов, Ш. Зоҳидов, М. Ҷурабоев, Ш. Сангинов, А. Темуров, М. Ғафуров, З. Рукниддинов, А. Олимов, А. Турсунов, И. Авезов, Н. Сулаймонов, А. Набиев, Т. Почоев, Н. Шарифов, У. Имоилов, Ю. Бобоев, Х. Шарифов дар рӯзҳои муҳорибаи Сталинград ҳазорҳо душманро несту нобуд карданд. Хусусан қаҳрамони ҷанговари тоҷик Аҳмад Турдиев, ки қариб 2 моҳ ҳамроҳи як гурӯҳ бо сардории сержант Павлов дар нигоҳ доштани як хонаи аҳамияти стратегӣ дошта, зоҳир намуд, шоистаи қадр аст. Дар ҷанги Сталинград дар қатори тӯпчиён, танкистон, қушуни пиёдагардон, сарбозони дивизияи 61-ум, ки дар вақти ҷанг дар Тоҷикистон бо роҳбарии генерал майор Т.Т. Шапкин ташкил шуда буд, корнамоӣ нишон доданд. Чунончӣ, 19 ноябри соли 1942 вақте, ки 30 танки душман ҳамлаовар буд, Камол Пулотов 2 гранатро ба миён баста, худро ба таги танк партофта ҳалок мешавад. Аз ночбри соли 1942 то охири моҳи декабри соли 1942 дар ҷанги Сталинград аз тарафи дивизияи 61-уми Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор фашистон нобуд карда шуда буд. Душман дар 200 рӯзи набарди Сталинград 1 миллиону 300 ҳазор аскар ва афсарони худро аз даст дод. Барои корнамоӣ дар ҷанги Сталинград дар қатори дигарон 300 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.
Дар сарзамини Давлати Шуравӣ фашистон бениҳоят бузургтарин нишонаҳои бераҳмию сангдилӣ, кирдорҳои ваҳшиёна ва паи аз хотиру дил ҳеҷ гоҳ фаромушнашавандаро боқӣ гузоштаанд. Ба ҳар гӯшаю каноре, ки урдуи ғоратгаронаи фашистони гитлерӣ бо оташу шамшер мегузашт, фақат хонумонсузӣ, оташзанӣ, хорию зорӣ, пастзанӣ, маломату таҳкиркунӣ, ҷабру зулм, ситамгарӣ, таҷовуз, хунрезӣ, куштор, ғорат, зӯрӣ ба амал меовард.
Дар натиҷаи ҳуҷуми фашистони Германия ИҶШС зиёда аз 26 млн аҳолии худро нобуд ва қариб 30% боигарии миллии худро талафот намуд. Зиёда аз 1 млн ҷанговарони шуҷои фарзандони гуногунмиллати халқҳои Шуравӣ берун аз сарзамини давлати худ дар натиҷаи озод намудани халқҳои Аврупо ва Осиё аз истилогарони фашистӣ-милитаристӣ ҷони худро нисор намуданд.
Дар давоми 4 соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с. 1941-1945) миллионҳо одамон барои ҳифзи Ватан сафарбар шуданд. Аз он ҷумла аз Тоҷикистон 290 ҳазор ҷавонписарон ба ҷанг рафта зидди фашистони истилогар далерона ҷангиданд. Эҳсоси баланди ҳифзи халқу Ватан ҳамеша онҳоро фарогир буд. Аз ин шумора даҳҳо ва шояд зиёда аз 100 ҳазор аз ҷанг бар нагаштанд. Қисме аз онҳо дар сарзаминҳои Русия, Украина, Белоруссия, Молдавия, Литивия, Эстония, Полша, Чехословакия, Руминия, Венгрия, Австрия, ва Германия хок шудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон дар сафҳои муҳофизони шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Вилнюсу Рига, Смоленску Севостопол, Бресту Кишинев, Харкову Витебск, Гомелу Полтава ва дигар шаҳрҳо фаъолона иштирок намуда, дар озод намудани онҳо аз фашистон саҳми калон гузоштанд. Онҳо дар соҳилҳои дарёи Волга ва Днепр, Вислаю Днестр, Тиссаю Одер ҷасуронаю далерона ҷангида, дар озод намудани ин минтақаҳо ҳисси калон гузоштанд. Хусусан ҷасорату маҳорати ҷангии онҳо дар муҳорибаҳои бузурги назди Москва, Сталинград ва Курск бебаҳост. Онҳо дар қатори ҳама ҷанговарони Армияи Шуравӣ далеронаю мардона ҷангида, фашистонро аз Полша, Булғория, Руминия, Венгрия, Чехословакия, Югославия ва Албания пеш намуданд. Дар кори озод намудани халқҳою миллатҳои ин давлатҳо аз фашистон хизмати босазое карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудааст, ки: «Таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ китоби захмӣ ва пурҷароҳатест, ки ҳар сатраш бо ҳарфҳои хунин навишата шудааст».
Ҳамин тавр ғалаба барои халқи Шуравӣ ба осонӣ насиб нагашт. Он ба ивази вайронию харобиҳо ва ғаму қулфатҳои зиёд, азобу шиканҷаи кудакону занон ва пиронсолон дар лагерҳои консентрасонӣ, марги миллионҳо одамони осоишта ва ҷанговаони дар набардҳои шадиди зидди душман шаҳид гашта ба даст омадааст. Фашистони немис дар давоми ҷанг дар маҷмуъ 1700 шаҳр, 70 ҳазор деҳаро хароб карда, 25 миллион одамро бесарпаноҳ монданд, 32 ҳазор корхонаи саноатӣ, 65 ҳазор километр роҳҳои оҳанро нест карданд, 91 ҳазор колхоз, 1879 совхоз ва 2890 стансияҳои мошинӣ- тракторӣ (МТС)-ро ғорат намуданд. Вале талафоти аз ҳама вазнин марги миллионҳо одамон буд.
Бояд таъкид намуд, ки теъдоди иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с. 1941-1945), ки дар қайди ҳаётанд рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Роҳбарияти баландпояи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо ва аъзоёни оилаашон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Президенти кишвар Эмомалии Раҳмон аз 2 декабри соли 1995 таҳти №1 «Оид ба чораҳои беҳтар намудани некуаҳволии моддии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с. 1941-1945) ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда» маҳз барои беҳдошти рӯзгори иштирокчиёни ҷанг бахшида шуда буд.
Ҳамин тавр фарзандони неруманди халқи тоҷик тавонистаанд дар баробари дигар халқиятҳои Шуравӣ аз душман Ватани хешро ҳимоя намоянд. Он ҷоннисориҳое, ки онҳо дар майдони ҷангу дар ақибгоҳ намуда буданд, дар саҳифаи таърих абадан нақш баста ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳанд шуд.
С. Шарофуддинов