Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ бо иштироки Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ва аъзоёни ҷаласа баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа гузориши Наим Ашурзода, сардори раёсати таҳсилот оид ба муҳокимаи натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар донишгоҳ ва Файзалӣ Қурбонов, котиби Шурои олимон оид ба ҳолати иҷрои қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли таҳсил ва қарорҳои Шурои олимон дар факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба таълим Хурсанд Ҳамдамзода оид ба ҷамъбасти кори Шурои олимон дар соли таҳсили 2024-2025 ва вазифаҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ андешаронӣ намуд оид ба ҳолати феълии фаъолияти Шурои илмӣ-методии донишгоҳ ва факултетҳо андешаронӣ намуд.
Дар охир, масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишударо баррасӣ ва натиҷагирӣ намуданд.



