10 октябр Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров баъд аз иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои Сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ватан баргаштанд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
