Имрӯз 12 -уми ноябри соли 2025 дастаи “Леваканд”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Маҳфили зарифон бо дастаи “Ҷавонӣ”-и Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қуваозмоӣ намуда бо гирифтани 139 хол пирӯз гардид.
Чорабинии мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, Суруш-медиа ва дигар шарикони лоиҳа бо ҳадафи рушди зеҳнӣ, эҷодӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор мегардад.
Дар ҷараёни мусобиқа дастаи “Левакант” бо ҳозирҷавобӣ, зиракии фикрӣ ва маҳорати баланди касбии худ соҳиби 139 хол ва дастаи “Ҷавонӣ” соҳиби 135 холро соҳиб гардида, мавқеи пешсафиро дастаи “Левакант” соҳиб гардид.
Ҳайати доварон ҳунар, зеҳн, шӯхиву зарофати аъзои дастаи “Леваканд”-ро баланд арзёбӣ намуда, арзандаи ҷойи аввал донистанд.
Ғолибияти дастаи “Леваканд” шаҳодати он аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав на танҳо дар самти таҳсил ва фаъолияти илмӣ, балки дар чорабиниҳои фарҳангиву эҷодӣ низ фаъолона ширкат варзида, шаъну шарафи донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ шоиста муаррифӣ мекунанд.
Муваффақияти дастаи “Леваканд”-и донишгоҳ дар марҳилаи аввали сабқат, барои ҳайати бисёрнафараи коллективи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифат мубораку фархунда бошад.

