БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АЗ ОЗМОИШГОҲҲО

Имрӯз аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ба хотири шиносоӣ аз Маркази захиравии забони англисии нази факултети забони англисӣ, озмоишгоҳҳои химиявӣ ва биологии назди факултети химия ва биология ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии назди факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан намуд.

Муфассал

ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд ва бо тозаю озода намудани синфхонаҳо, роҳравҳоро рубучин, бехи дарахтонро нарм, ба тартиб овардани майдонҳои варзишӣ ва тамиз кардани…

Муфассал

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНА

Шоми рӯзи 14-уми марти соли 2024 дар толори Китобхонаи донишгоҳ омӯзгорон ва донишҷӯёни хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишварро тариқи телевизиони “Тоҷикистон” дастаҷамъона тамошо намуданд.

Муфассал

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор шуд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид. Зимни баромад ректори донишгоҳ иброз намуд,…

Муфассал