Файзализода Баҳрулло Файзалӣ

Сардори раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав

  +992 915-44-49-49
  faizalizoda.bakhrullo@mail.ru

РАЁСАТИ ТАЪЛИМ. Қисми таълим аз рўзи ташкилёбии донишгоҳ аз соли 1978 фаъолияти худро оғоз намуд. Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим

ва амалӣ сохта мешавад.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар мавҷудият ва таъминоташон бо захираҳои зеҳнӣ ва имконоти мусоид дар густариш ва ташаккули самтҳои муайян ноил шудан ба тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту пуртаҷриба чун зинаи муҳими кошиф ва бахши муассири амалисозандаи дастовардҳои навини илму техника дар соҳаҳои хоҷагии халқ, баромад мекунанд.
Аз сабаби он ки донишгоҳ ҳамчун муассисаҳои олии таълимӣ ва таълимгоҳ ба шумор меравад, раёсати таълим ҳамчун воҳиди асосии сохтори донишгоҳ ҳисобида мешавад.
Раёсати таълим омили ташкилкунанда, танзимкунанда ва таҳлилкунандаи ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Пиёда кардани талаботи стандартҳои таълимии давлатӣ, риояи иҷроиши талаботи нақшаҳои таълимии шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, амалишавии барномаҳои таълимиро ташкил ва натиҷабардорӣ менамояд.
Ташкилу танзими дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таҳсил ва раванди таълим дар миқёси донишгоҳ, истифода ва дуруст ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот, тибқи дастовардҳои муосири тарзу усулҳои таълим, техникаю технология, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои самти таълим байни муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷро тақозо мекунад, ки дар сохтори мактаби олӣ раёсати таълим ҳамчун маҳзани ҷараёни таҳсилоту раванди таълим пурсамар фаъолият намояд.
Вазифа ва ҳадафҳои раёсати таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.
Инчунин диққати асосӣ ба такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ оиди пурра ворид гардидан ба низоми кредитии таҳсилот нигаронида шудааст.
Нақшаҳои таълимии донишгоҳро барои соли таҳсил ва нимсола ба нақша гирифта, иҷроиши онро назорат мекунад. Аз тарафи факултетҳо иҷро намудани нақшаҳои таълимии ҷорӣ, ҷадвалҳои ҷараёни таълим, нақшаҳои инфиродӣ ва барномаҳои кории омӯзгорони кафедраҳо мунтазам таҳти назорати масъулини Раёсат қарор мегиранд. Иҷроиши фармону мактуботи дастуроти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масоили корҳои таълимӣ ва таълимию методӣ сармашқи кори рёсатанд. Тартиб додани ҷадвали дарсҳо, имтиҳонот, лоиҳаҳо, фармонҳо, дастурҳо, тавсияҳо ва маслиҳатҳои маъмурияти донишгоҳ доир ба тамоми корҳои таълимӣ ва таълимию методиро низ кормандони раёсат назорат менамоянд. Вазифаҳои дигари муҳим, ки ба Раёсати таълим вогузор шудаанд, инҳоянд:
 гузаронидани санҷиши сифати тамоми шаклҳои машғулиятҳои таълимӣ ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои онҳо;
 омода намудани имтиҳоноти сессия, имтиҳоноти давлатӣ, ва ташкил намудани ҳимояи рисолаҳои дипломии донишҷўён;
 назорат намудани синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, кабинетҳо ва биноҳои дигари таълимӣ;
 тибқи нақшаи корӣ омода намудани маводҳои зарурӣ оид ба масълаҳои таълимӣ вобаста ба дастуру супоришхои ректор ва ноиби ректор оид ба корҳои таълим ба ҷаласаи Шӯрои илмӣ ва Раёсати донишгоҳ;
 ҷамъбаст намудани фаъолияти кисми таълим ва талаб намудани ҳисоботҳо аз шӯъбаҳо ва бахшҳои зертобеъ;
 дар як сол як маротиба тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Призеденти ҶТ пешниход намудани ҳисоботи оморӣ;
 назрат намудани фаъолияти деканҳои факултетҳо ба ва кафедраҳо, оид ба беҳбудии ҷараёни таълим.
Кисми таълимӣ тамоми кӯшишро ба татбиқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва Барномаи давлатии дар асоси он қабул шуда, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони забондон равона намуд. Дар ин самт аллакай якқатор чорабиниҳоро ба иҷро расонида шуданд.
Диққати асосӣ дар ин давра асосан ба такмили шакл ва мундариҷаи таълим, баланд бардоштани сатҳи дониши таълимгирандагон равона шуда буд. Ба ин мақсад дарсҳои омӯзгорон мунтазам мавриди назорат ва таҳлил қарор гирифта, мундариҷа ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷории сатҳи дониши таълимгирандагон ба куллӣ дигаргун карда шуд. Гузаронидани машғулиятҳои фардӣ, назорати саривақтӣ аз болои иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва иштироки онҳо ба дарсҳо имкон доданд, ки масъулияти донишҷӯён нисбати таълим беҳтар карда шавад.