Таваров Дилшодҷон Саидмуродович
* Аз 15.09.2025 то ҳол ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
кор мекунад
* Соли таваллуд: 6 апрели соли 1984 * Ҷои таваллуд: н. Кӯшониён
* Миллат: тоҷик * Таҳсилот: олӣ
* Соли 2006 Донишгоњи давлатии Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Носири Хусравро (рӯзона) хатм кардааст.
*Ихтисос: забони хориҷӣ *Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ 2025
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русб, англисӣ.
*Вакили Маљҷиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотњои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
*Суроға: н. Кӯшониён,Ҷамоати Сарвати Истиқлол, деҳаи Навкор хонаи №88
*Кор ва фаъолияти собиқа:
|
Солњои 2001-2006 |
Донишљўи Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Носири Хусрав |
|
Солњои 2007-2008 |
Нозири шуъбаи таълими Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2009 – 2018 |
Омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2018 – 2019 |
Омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2019-2025 |
Саромӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз 15.09.2025 то ҳол |
Иҷрокунандаи вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ
Факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо қарори Шурои олимони донишгоҳ ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2001 таъсис ёфтааст. Фаъолияти ҳамаҷонибаи садорати факултет барои амалӣ намудани корҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, методӣ ва тарбиявӣ равона карда шудааст.
Ҳоло дар факултет 3 нафар доктори илмҳои таърих, профессор, 10 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 8 нафар аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар факултет ихтисосҳои зерин амал менамоянд.
1. Таъриху фарҳангшиносӣ.
2. Таърих, ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ).
3.Таъриху бостоншиносӣ,
4.Таърих (умумӣ ва ватанӣ)
5.Таърих (аз руйи самтҳо)
6.Таъриху диншинос.
Дар факултет мутахасисони касбӣ дар соҳаи таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ омода мегарданд. Донишҷӯён баъди хатми зинаи бакалаврӣ метавонанд дар зинаҳои таҳсилоти магистратура ва доктор PhD низ таҳсили худро дар факултет идома диҳанд.
Дар соли ҷорӣ 35 нафар донишҷуёни факултет тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд ва 1 нафар гирандаи идрорпулии президентӣ мебошад. Инчунин барои фаъолияти пурсамар 1 нафар донишҷуи факултет гирандаи идрорпулии раиси вилоят мебошад.
Дар назди кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён “Ориён”,“Муаррих-кишваршинос”, “Пажуҳандагони Аҷам”,”Муаррихфарҳангшинос” фаъолият менамояд, ки шогирдон дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Дар назди факултет осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ фаъолият менамояд. Фаъолияти солонаи хуби осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии назди факултет дар соли 2025 қобил ба ёдоварист. Аз ҷониби кормандони факултет ва донишҷӯён ҳамасола фонди захиравии осорхона ғанӣ мегардад.

