АБДУЛЛОЗОДА Суҳроб Рахмат
аз 1 сентябри соли 2016 дар вазифаи омӯзгори кафедраи физикаи умумӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад
*Соли таваллуд 8 феврал соли 1974 *Ҷои таваллуд ноњияи Данғара
*Миллат тоҷик *Таҳсилот олӣ
Соли 1998 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ
хатм кардааст
*Ихтисос муаллим
*Унвони илмӣ номзади илмҳои педагогӣ
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
*Вазъи оилавӣ оиладор
*Суроға ноҳияи Данғара деҳаи Хушдилон
*Телефон: 915 38 60 80
*Кор дар фаъолияти собиќа:
|
Солњои 1991 –1998 |
Донишљўи Донишгоњи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнї |
|
Солњои 2000 – 2010
|
Омўзгори муассисаи тањсилоти миёнаи умуми № 52 ноњияи Данѓара |
|
Соли 2016 |
омўзгори кафедраи физикаи умумї, Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
|
|
Соли 2020 |
Ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети математика-информатика |
|
Соли 2023 |
Ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети физика |
|
Соли 2025 |
Декани факултети математика |
ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА

Факултети математика яке аз аввалин факултаҳои донишгоҳ маҳсуб мегардад. Факулта ҳамсоли таълимгоҳ буда, дар соли 1978 бо номи факултаи физикаву математика арзи вуҷуд намуд, айни ҳол роҳбарии онро н.и.п. Абдуллоев С.Р., ба уҳда дорад. Факултет дорои 3 (се) кафедра мебошад: кафедраи «Матодикаи таълими математика» мудир н.и.ф.м. Неъматуллоев О.А., кафедраи «Алгебра ва геометрия» мудир д.ф.(Ph.D) Миратов С.Қ., кафедраи «Таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ» мудир д.ф.(Ph.D) Абдулвоҳиди О.
Бинои таълимии мазкур аз 3 ошёна ва тањхона иборат аст, ки дар он 13 синфхона, аз љумла 1 синфхонаи технологияи иттилоотї, 10 утоќи корї мављуд аст, ки бо тамоми шароити муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Дар факултети математика бо шумораи 43 нафар омӯзгор: 3-профессор, 13- номзади илм, 27-омӯзгорон ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки дар факултет гурӯҳои забони русӣ дар баробари тоҷикӣ таҳсил намуда истодаанд.
Донишҷӯёни факулта дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии доимо ширкат меварзанд. Хатмкардагони факулта асосан дар мактабҳои миёна ба ҳайси омӯзгори математика ва аҳёнан дар дигар соҳаҳо фаъолият менамоянд

Факулта сафи устодонашро аз ҳисоби кадрҳои худӣ-собиқ хатмкардагонаш пурра кардааст. Бо ташаббуси садорати факулта дар тӯли сол конференсияи илмию назариявии умумиҷумҳурӣ созмон дода шудааст.
Ногуфта намонад, ки дар назди факултет аз ҳисоби кафедраҳои пешбар 3 – маҳфили илмӣ, ҷамъомади илмии донишҷуён, гурӯҳи олимпӣ фаъолият намуда истодааст, ки роҳбари онҳоро омӯзгорони соҳибтаҷрибаи кафедраҳои тахассусии факултет ба уҳда доранд
Дар назди кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмӣ зерин фаъолият мекунанд.
- “Методикаи таълими математика”, дар назди кафедраи методикаи таълими математика, роҳбараш омӯзгори кафедра Мирзораҳимов Мирзоали.
- “Алгебра санъат аст”, дар назди кафедраи агебра ва геометрия, роҳбараш омӯзгори кафедра Саидов Саддам
- “Дифференсиал”, дар назди кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ, роҳбараш омӯзгори кафедра Ҳасанов Беҳруз.
Факултети математика мувофиқ ба нақшаҳои таълимӣ имсол донишҷӯёнро аз рӯи 4 ихтисос ба таҳсил ҷалб менамояд.
- 1-020503-02-Математика (фаъолияти илмию педагогӣ).
- 1-020503-Математика – информатика
- 1-020503-01-Математика – физика.
- 1-020503-Математика. Нақшакашӣ.
- 1-31030301-Математикаи амалӣ ва информати

