Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир гардида, дар он таърихи парчамдории тоҷикон, ҷойгоҳ ва аҳаммияти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҷассумгари озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандории мардуми тоҷик мебошад.
Ҳамчунин, иштирокдорон доир ба нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани эҳтироми ҷавонон ба арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.

