Декани факултет
*ШОДИЁН Бурҳониддин Саидалӣ
аз 27 марти соли 2024 дар вазифаи декани факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад
*Соли таввалуд 13 марти соли 1989 *Ҷои таввалуд н. Данғара, деҳаи Баҳор
*Миллат тоҷик *Таҳсилот олӣ
Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусравро (рӯзона) хатм кардааст
*Ихтисос баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодчӣ
*Унвони илмӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
*Вазъи оилавӣ оиладор
*Суроға шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 59 а, 27
*Кор ва фаъолияти собиқа:
|
Солҳои 2007-2012 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2012-2014 |
Омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2014 –2016 |
Аспиранти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2017-2019 |
Саромӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз 19.02.2019 то 28.08.2019 |
Мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2019-2024 |
Мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз марти соли 2024 то ҳоло- |
Декани факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
ФАКУЛТЕТИ ГУМРУК ВА ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ
Факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи иқтисодӣ, аз дараҷаи бакалавр тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот таъсис дода шудааст.
Ба таълиму тадриси донишҷўёни факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ 5- нафар дотсентон, 4 – нафар номзадҳои илми иқтисодӣ ва саромўзгорону омўзгорон аз фанҳои тахассусӣ ҷалб гаштаанд, ки пайваста барои тақвияти сифати таҳсилот ҷаҳду талош меварзанд. Айни ҳол, дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ се кафедра: фаъолияти гумуркӣ, андоз ва андозбандӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудит фаъолияти самарабахш доранд.
Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ дар зинаи магистратура ва зинаи бакалавр аз рўи 5 ихтисос:
1-960101 хадамоти гумрукӣ,
1-25010403 андоз ва андозбандӣ,
1-250111 аудит ва ревизия,
1-25010203 иқтисоди рақамӣ,
1-250105 омор донишҷўён ба таълим фаро гирифта шуда, барои омода намудани мутахассисони аз нигоҳи илмӣ мусаллаҳ бо дониш тадбирҳои муҳим рўи кор гирифта мешавад.
Натиҷаи чунин корбарии дуруст имкон фароњам овард, ки донишҷўёни факултет бо иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Ихтисосҳои амалкунанда дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ:
Ихтисоси 1-960101 – хадамоти гумрукӣ ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ташкили назорати гумрукӣ, таъмини ҳуқуқӣ, минтақаҳои гумрукӣ, системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона, таҳлил ва омори гумрукӣ, ташкили назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ, ташкили фаъолияти фаври ҷустуҷўӣ ва таҳлилӣ, ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифиро дар бар мегирад, ки барои омода ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат муҳим ба ҳисоб меравад.
Ихтисоси 1-250111- аудит ва ревизия – кафолати сифати аудит, аудити соҳаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аудити сармоягузорӣ, қарз ва бонкҳои давлатӣ, аудити соҳаҳои иҷтимоӣ аудити соҳаҳои субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатӣ, аудити дохилӣ ва назорат, хадамоти дохилии назорати суғуртавӣ ва аудити самаранокиро дар бар мегирад.
