Имрӯз дар факултети филологияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Муродов Алишер баргузор гардид.
Дарси кушод дар гурӯҳи 305, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, аз фанни «Адабиёти атфол» (шакли машғулият – лексия) дар мавзуи «Саҳми Болта Ортиқов дар инкишофи насри бачагона» доир карда шуд.
Зимни машғулият омӯзгор доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Болта Ортиқов, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти муосири тоҷик ва саҳми арзандааш дар ташаккул ва рушди насри бачагона маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки осори адиб дар тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас, ташаккули ҷаҳонбинӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва завқи китобхонии кӯдакону наврасон аҳаммияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни дарс аз усулҳои фаъоли таълим истифода гардида, донишҷӯён бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор дар муҳокимаи мавзуъ фаъолона иштирок намуданд.

