Иҷрокунандаи вазифаи декани факултети филологияи тоҷик
Мусовирова Фарзона Восифиевна
2- юми сентябри соли 1988 дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар)-и вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2006 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 52 шаҳри Душанберо хатм намуда, ба ихтисоси журналистикаи факултети филологияи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия дохил мешавад. Донишгоҳи мазкурро соли 2011 хатм менамояд. Фаъолияти корӣ ва меҳнатияшро соли 2014 дар кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, солҳои 2015-2022 ҳамчун эдвайзер (мушовири академӣ) иҷрои вазифа кардааст.
Аз соли 2022 то соли 2026 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбияи факултети филологияи тоҷик кору фаъолият дошт. Бо фармоиши ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ба вазифаи иҷрокунандаи декани факултети филологияи тоҷик таъин гардид.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва таълимию тарбиявӣ Мусовирова Фарзона Восифиевна ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ машғул буд. Солҳои 2019 – 2025 ҳамчун унвонҷуи кафедраи рӯзноманигорӣ дар мавзуи «Освещение проблем патриотизма в региональной прессе Республики Таджикистан в период государственной независимоти (на примере газет «Новый Хатлон» – и «Набзи Бохтар» («Инъикоси масъалаҳои ватандӯстӣ дар матбуоти минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ (дар мисоли рӯзномаҳои «Новый Хатлон» ва «Набзи Бохтар»))» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ профессори кафедраи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия Абдуллозода Масрур Аҳмад таҳқиқоти илмӣ бурда, рисолаи илмии хешро соли 2026 дифоъ намудааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 15 мақоллаҳои илмиву оммавӣ мебошад
ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
Фаъолияти факултети филологияи тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ” ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати профессорон ва устодони факултет бо мақсади таъмини сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ ва рӯзноманигорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори PhD, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот, корбасти тарзу усулҳои нави таълим, ривоҷи корҳои илмӣтаҳқиқотӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори илмии факултет кӯшиши беандоза зоҳир менамоянд Факултети филологияи тоҷик аз солҳои аввали таъсиси донишгоҳ амал менамояд.
Айни замон, дар факултет чор кафедра: адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, рӯзноманигорӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик мавҷуд буда, донишҷӯён аз рӯйи 11 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз ҷумла Забон ва адабиёти тоҷик, Забон ва адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ. Фолклор, Филологияи Шарқ (Забони форсӣ). Забон ва адабиёти тоҷик. Алифбои ниёгон, Забон ва адабиёти тоҷик. Китобхонашиносӣ, Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ, Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ, Забон ва адабиёти ӯзбек. Забон ва адабиёти тоҷик, Рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо), Журналист-тарҷумон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар факултет шуъбаҳои магистратура аз рӯи ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва доктор РhD аз рӯи чор ихтисос: филология, адабиётшиносӣ, адабиёти тоҷик ва рӯзноманигорӣ фаъолият менамоянд.
Ба донишҷӯёни ихтисосу шуъбаҳои мазкур мутахассисони варзида ва олимону донишмандони шинохтаи улуми забон ва адабиётшиносӣ, ки аз онҳо 2 нафар докторони илм, профессорон, 25 нафар номзадҳои илм, дотсентон ва зиёда аз 20 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.
Шароити таълим дар факултет дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи илму маориф роҳандозӣ шуда, машғулиятҳо дар синфхонаҳои васеъу замонавӣ бо техника ва технологияи муосир гузаронида мешаванд Дар назди кафедраи рӯзноманигорӣ студияи хурди таълимӣ- таҷрибавӣ амал мекунад, ки барои ташкил ва гузаронидани дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ аз он васеъ истифода бурда мешавад.
Устодон ва донишҷӯён дар мавридҳои зарурӣ аз техникаҳои дар студия мавҷудбуда самаранок истифода намуда, баҳри сабту танзим, нигоҳдорӣ ва пахши ҷараёни машғулиятҳо, баргузории чорабиниву вохӯриҳо дар факултет ва донишгоҳ саҳм мегузоранд. Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд ба студияи таълимии таҷрибавии назди кафедраи рӯзноманигорӣ 13 номгӯйи таҷҳизоти техникии соҳавӣ дастрас карда шуд, ки дар оянда устодону донишҷӯён метавонанд дар машғулиятҳои таълимӣ аз онҳо самаранок истифода намоянд.
Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни факултет чорабиниву суҳбатҳои судманд гузаронида мешаванд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик, аз ҷумла Фарзонаи Сафаралӣ, магистранти курси якуми ихтисоси филологияи тоҷик аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикӣ” сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Устодони факултети филологияи тоҷик машғулиятҳои таълимии худро бо усулҳои фаъоли таълим мегузаронанд. Довталабони ихтисосҳои факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хеле зиёданд.
Аз ин рӯ, довталабони азиз, фардоро бо интихоби дурусти касб бунёд намоед!

